Президент Трамп ҷазираи Гренландияро мехарад?

Доналд Трамп, президенти ИМА борҳо нимшухиву нимҷиддӣ бо мушовиронаш имконияти харидории ҷазираи Гренландияро баррасӣ кардааст. Дар ин бора нашрияи The Wall Street Journal бо такя ба манобеъ дар Кохи сафед иттилоъ медиҳад.

Гренландия вилояти худмухтори кишвари Дания аст. Ҳарчанд ин ҷазира қаламрави бузурге дорад, аммо дар ҳудуди он ҳамагӣ 56 ҳазор одам зиндагӣ мекунад.

Трамп аз мушовиронаш пурсидааст, ки оё ИМА метавонад, қонунан соҳиби ин ҷазираи дорои захираҳои бойи табиӣ шавад. Трамп ҳамчунин аз ҳуқуқдонҳои Кохи сафед хостааст, ки паҳлӯҳои қонунии ин масъаларо омӯзанд.

Ибтидои моҳи сентябри соли ҷорӣ Трамп ба Дания сафар хоҳад кард, аммо ба навиштаи The Wall Street Journal, муҳокимаи доду гирифти Гренландия дар дастури кори сафар қарор надорад.

Таваҷҷуҳи Трамп ба Гренландия замоне ҷалб шуд, ки Дания дар пайдо 591 миллион доллар — харҷи таъминоти моддии нимҷазира — ба мушкил мувоҷеҳ шуд. Трам ба маҳзи иттилоъ ёфтан дар бораи ин мушкилии Дания, хостори харидории Гренландия шуд.

Хоҳиши харидани Гренландия нав нест. Соли 1867 — замоне ки ИМА Аляскаро аз Русия харид, департаменти давлатии Амрико имконияти харидории Гренландияву Исландияро омӯхта буд. Баъди Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ президенти вақти ИМА Гаррӣ Труман дар ивази Гренландия ба Дания 100 миллион доллар пешниҳод карда буд. Аммо Дания розӣ нашуд. ИМА дар ҳоли ҳозир дар Гренландия пойгоҳи низомӣ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *