Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Профессор Исоматов: Наранҷидам, ҳасад нахӯрдам, аз донишгоҳ рафтам

Мусоҳиба бо доктори илмҳои иқтисод, профессор, муаллифи аввалин китоби “Назарияи иқтисод” бо забони тоҷикӣ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ Бобокалон Исоматов

Бе падар калон шудам…

– Донишҷӯиро давраи тиллоӣ ном мебаранд.  Шумо он замонро чӣ гуна ёд мекунед?

-Вақте ки ба курси якум дохил шудам, Солеҳ Раҷабов  ректори университет буданд. Дар саҳни университет нишастгоҳҳои чӯбин гузошта шуда буданд. Дар ҳамин ҷо бо як матрасу болишт ва  рӯйпӯш хоб мерафтам. 7-уми ноябр буд, барф борид. Хунук хӯрдам ва  хобам набурд. Ба атроф назар карда меистодам. Соат тақрибан 4 ё 5-и субҳ буд.  Як вақт мебинам, ки Солеҳ Раҷабов аз болои сари мо –чанд донишҷӯи аз деҳот, ки дар берун хоб мерафтем, мушоҳидакорона мегузаштанд. Ҷойи хобам наздики чойхонаи университет буд. Субҳ ҳамроҳи чанд ҳамроҳон аз чойхона баромадем, ки тамоми кӯрпаву ҷойгаҳи моро бардошта, ба хобгоҳ бурдаанд. Яъне, моро бо супориши ректор дар хобгоҳ ҷой кардаанд.

-Кӯдакиро ҳам вазнин паси сар кардед?

-Бе падар калон шудам. Модарам ба кори колхоз машғул буд. Камсавод, аммо серғайрат буд. Ҳам кори колхозро анҷом медод ва ҳам кори рӯзгорро. Кори хонаро ба мо –фарзандон тақсим мекард. Сарфаю сариштакор буд. Режими корро медонист.

– Чаро иқтисодчӣ  шудед?

-Аввал филолог шудан мехостам. Зеро ба  шеърнависӣ майлу рағбати зиёд доштам. Соли аввал аз имтиҳон нагузаштам. Ба деҳа баргаштам, ду сол дар хоҷагии қишлоқ кор  кардам. Баъдан, ба факултети иқтисод дохил шудам. Тағоям раиси колхоз буд. Пас аз шомили донишгоҳ шудан, як рӯз назди тағоям барои гирифтани музди меҳнати дусолаам рафтам, гуфт, ки  музди корат  аз 1 тонна зиёд гандум мешавад. Гуфтам, ки ба ҷояш пул деҳ, донишҷӯ шудам, барои таҳсил харҷ мекунам. Бо ҳар баҳона ҳаққи корамро надод. Дар ин миён боз ба деҳа рафтам, тағоямро дар миёни издиҳом дидам. Ба халқ лофу газоф мезад, ки ӯ маро ба донишгоҳ қабул кард. Рӯи инсон ширин гуфтаанд, нахостам беобрӯяш кунам.

Профессор Исоматов бо дӯстону ҳамкорон

Донишгоҳ, иқтисод ва иқтисодиёт

-Бобокалон Исоматович, бештари фаъолияти шумо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузашт. Ин ҷо бароятон кор кардан хушоянд буд?

-Вақте ки соли 1974 номзадиямро ҳимоя кардам, аллакай як сол пас ҷонишини декани факултети иқтисод будам. Он замон Талбак Назаров декан буданд. Факултет ниҳоят калон,  қариб 2500 донишҷӯ дошт. Ба Талбак Назаров пешниҳод намудам, ки факултетро бояд тақсим кунем ё дар ҳайати донишгоҳ як  институт кушоем. “Барои чӣ?”- пурсиданд аз ман. Гуфтам,  ки факултети таърих ҳамагӣ 150 донишҷӯ дорад, аммо баробари мо аз донишгоҳ маводи конселярӣ мегирад. Ин қадар донишҷӯёни зиёд дорему баробари дигарон ба мо муносибат мекунанд. Ҳаҷми кору меҳнат бояд ба назар гирифта шавад. Розӣ нашуданд. Чанд сол пас ректор таъин шуданд. Аввалин иқдоме, ки рӯи даст гирифтанд, факултети иқтисодро ба се тақсим карданд: факултетҳои нақшагирӣ, молия ва ҳисобдорӣ. Имрӯз ҳам ин факултетҳо бо ивази ном фаъолият доранд. Ман дар факултети нақшагирӣ ҷонишин ва Гулсара Бобосодиқова декан таъин шуд. Он замон апааш котиби ЦК буд, гапаш мегузашт. Даҳ сол бо ҳам  кор кардем. Фаъолият дар шароити ҷанг вазнин буд. Ҳар гуна монеаҳо дар кори илмӣ  пеш меомад. Шояд дар куҷое гапи рафтанамро шунидаанд, ки маро декани факултети молия таъин карданд. Пеш аз ман Ҳаким Қурбонович декан буданд. Устод бисёр одами наҷиб ва мисли фаришта буданд. Рӯзе он касро  дар назди кинотеатри “Ватан” вохӯрдам. Пурсиданд, ки ректор ва партком шуморо ҷеғ заданд?  Дар ҷавоб не гуфтам. “Шуморо даъват мекунанд. Ба ҷои ман шуморо  таъин мекунанд. Пешниҳод кунанд, қабул кунед. Ба ректор гуфтам, агар ба ҷоям Исоматовро монӣ, ман розӣ. Агар Исоматовро намонӣ, барои вазифаам мубориза мебарам.  Ваъда дод, ки шуморо декан мемонанд”-ин суханонро гуфта, аз пайи кори худ рафтанд. Ин ҳодиса дар замони ректории Пӯлод Бобоҷонович рост омад. Баъд рӯзе Пӯлод Бобоҷонович ва партком Каримов ҳамроҳам суҳбат карданд. Пешниҳод шуд, ки ҷои Қурбоновро мегирӣ. “Барои чӣ?”-пурсидам.  Гуфтанд, ки факултет пеш нарафтааст, тараққиёт нест. Аммо Ҳаким Қурбоновичро тавсиф кардам, арзанда будани он касро фаҳмонидам. Ду пойро дар як мӯза андохта, маро декан таъин намуданд.  Розӣ набудам, чунки 10 сол ҷонишин кор карда, хаста шуда будам. Вале ваъда карданд, ки як сол пас ҷоямро иваз мекунанд. Баъд фаҳмидам, ки ҳадаф розӣ кардани ман будааст. 10 сол дар вазифаи декан кор кардам.

-Дар ин муддат чӣ таҳаввулоте дар факултет кардед?

-Бо шартнома қабули донишҷӯёнро сар кардем. Давлат ба ду гурӯҳ нақша медод ва ҳамагӣ 50 кас қабул карда мешуд. Назди ректор даромада, масъалагузорӣ кардам. Пули давлат калон нест. Аммо хоҳишмандони таҳсил зиёданд. Ба мо мутахассис лозим аст. Ҳамаи соҳаҳо бе мутахассисанд.  Чӣ бояд кард?  Аввал дар бахши ғоибона қабули донишҷӯёнро тариқи шартнома кардем. Вақте ки ман корро сар кардам, тақрибан 100 нафар дар ин ришта қабул шуданд. Баъдан, инро ба 2500 нафар расонидем. Таҷрибаи факулети моро дигарон  ҳам  идома доданд. Ин ташаббус то миллиард сомонӣ ба хазинаи донишгоҳ даромад меовард. Сабабро намедонам, аввал  ин маблағҳоро истифода намебурданд. Ҳарчанд он вақт сохтмони бинои университет оғоз шуда буд.

-Мегӯянд, ки бо пешниҳоди шумо Исмоил Давлатов ректори университет таъин шудааст. Воқеият дорад?

-Рости гап,  ӯ ғайричашмдошт ректор шуд.  Дар факултети мо мудири кафедра буд. Як рӯз барояш гуфтам, ки шумораи иқтисодчиён 40 фоиз аст. Гап-гапи иваз шудани ректор ҳаст. Агар иқтисодчӣ бошад, ҳам мегузарад, ҳам донишгоҳ обод мешавад. Пагоҳи дигар ба хулосае омад, ки гапи ман дуруст аст. Барои курсии ректорӣ талош кард. Ниҳоят ректор шуд. Баъди як соли роҳбарӣ гуфт, ки чанд китоб навиштед, номзади илм ва дотсент ҳастед, шуморо барои дарёфти унвони профессорӣ пешниҳод мекунем. Лозим нест, гуфтам. “Барои чӣ?” -пурсид. Гуфтам, ки ҳоло зарур намешуморам. Гуфт, ки аз рӯи инсоф шумо бояд профессор бошед. Ба ӯ гуфтам, ки ба сарат бало меорӣ. Даъвогарҳои дигар пайдо мешаванд. “Ҳисобашро меёбам”- гуфту аз  мизи корӣ хест ва маро аз дар гусел кард. Як рӯз мебинам, ки Шӯрои олимон 5 касро барои гирифтани унвони профессорӣ пешниҳод кардааст. Баробари ман Гулҷаҳон Бобосодиқова, Бузургов, Рахматулин, (мудири кафедраи забони русӣ) буданд. Ҳуҷҷатҳоро фиристодем, моҳҳо мегузаштанд, аммо посухе набуд. Як рӯз Гулсара Бобоевнаро пурсидам, ки ҷавоби тасдиқи профессорӣ чӣ шуд? Ҷавоби мусбат доданд.

-Баъди ин ҳама  чӣ гуна профессор шудед?

– Карим Абдулов ҳамкурси ман буд. Рӯзе аз ман пурсид, ки ягон супориш дорам? “Чӣ хел супориш?”- бо суол ва ҳайрат ба ӯ нигиристам. Гуфт, ки як сол зиёд шуд, ки ҳуҷҷатҳои шумо барои унвони профессорӣ дар Маскав истодааст. Касе суроғ намекунад. Ба ӯ ҳам гуфтам, ки зарур намешуморам. Хайр, худам ҳал мекунам, гуфт. То аз марказ занг назананд, дар фикри шумо намешаванд, ба унвони профессорӣ иҷозат намедиҳанд. Гуфт, ки ман мудири шуъбаи умумии Президент Раҳмон Набиев ҳастам. Боз гуфтам, ки барои ман унвони профессорӣ лозим нест ва аҳамият ҳам надорад. Гуфт, ки хоҳед –нахоҳед ман занг мезанам. Як ҳафта пас ҷавоб омад, ба унвони профессорӣ шарафёб шудаам.

-Дар қатори 5 нафар шумо ва Гулсара Бобосодиқова сазовори унвони профессорӣ шудед?

-Бале. Бобосодиқоваро апааш, ки котиби дуюми ЦК буд, таъсир расонд.

-Дар замони ректории Сафаров ҳам шумо декан будед ва ба раёсати донишгоҳ наздик будед.  Ба яғмо бурдани хазинаи ректорро ёд доред? Тафсилоти ин ҳодиса чӣ гуна аст?

-Вақте ки  Сафаров ректор таъин шуд, наздаш даромада, табрик кардам. Якбора масъала гузошт, ки се факултети иктисодӣ чӣ лозим? Гуфтам, ки мебахшед, ҳоло чанд мактаби олии иктисодӣ мешавад. Равиши ҳаёт инро талаб мекунад. Шумо биолог ҳастед, он қадар ба ин масъала диққат намедиҳед. Мавҷуд  будани факултетҳоро зарур шуморидам. Аммо пофишорӣ кард, ки як факултет баста шавад. Яъне, мақсади асосиаш озод кардани ман аз декани факултет буд. Баробари ин, суханонаш изҳори аз вазифа рафтан кардам. Бо тааҷҷуд  ба сӯям нигарист. Гуфтам, ки  20 сол боз амалдорам: ҷонишини декан, декан. Саҳар соати 6 аз хоб мехезам, то шаб дар донишгоҳ ҳастам. 500 сӯм маош мегирам, 320 сӯмаш барои дотсентӣ ва 180 сӯмаш барои деканӣ. Монда шудам. Як шарт дорам, имрӯз 27-уми август. Охири моҳи сентябр аризаи аз кор рафтанро менависам. Факултетро худам ҷо ба ҷо мекунам. Шумо –гуфтам, аллакай суҳбат кардед, гапро пазондед. Ман ихтисосҳои нав кушодаам, нархи бозориаш 2-3 маротиба қимат. Ман на худам пул мегирам ва на ба шумо меорам. “Ману ту ҷӯра -ку” гуфта, як қат парид. Гуфтам, ки ҷӯрагӣ аз пул фарқ дорад. Бой мешавед. Аммо хомӯш монд, баромада рафтам. Факултетро ҷо ба ҷо кардам, 25-уми сентябр аризаи аз кор рафтан навиштам. Ба онҳо пул даркор буд. Бинобар ин, ман нолозим шуда мондам. Баъд аз ним сол аз донишгоҳ рафтам.

Аҷибот дар он буд, ки хазинаи ректорро дуздиданд. Як ҳамкурсам нақл кард, ки дар дохили хазинаи ректор 70 ҳазор доллар будааст. Дар он замон ин маблағи калон буд. Бо ҳамин Сафаров бемор шуду аз олам даргузашт.

-Замони фаъолияти шумо ба ҳайси декан дар солҳои вазнин, яъне ҷанги шаҳрвандӣ рост омад. Мушкил набуд?

-Албатта, вазнин буд. Яроқбадастон ҳар лаҳза барои гузоштани баҳо ба  ҷонамон таҳдид мекарданд.  Аммо ман истодагарӣ мекардам ва баҳо намемондам.

-Дар донишгоҳ бо панҷ ректор кор кардед. Бо кадоме кор кардан бароятон писанд буд?

-Бо Талбак Назаров. Зеро бароям шахси наздик буданд. Дар замони декан будани ӯ ҷонишинаш будам. Ҳамдигарро нағз мешинохтем. Аслан, Талбак Назаров маро ба вазифаи декан пешбарӣ карда буданд.

-Кадом хислати  аз  ӯ бароятон мақбул буд?

-Одами нағз буданд. Нафс надоштанд. Бо қонуну қоидаҳои инсонӣ кор мегирифтанд.  Аз найрангу фиреб ва дигар хислатҳои ба инсон хос набуда дур буданд. Мисли бархеҳо, ки нафсро сар медиҳанду дер намепоянд, набуданд.

-Чаро аз ДМТ ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон омадед?

– Аз касе сахт наранҷидаам. Исмоилова ном шахс ба сифати мудири кафедра кор мекард. Як рӯз ҷойи кор ба наздам омад. Бо даъвати ӯ ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон омадам.

-Вазъи иқтисодиёти кишвар имрӯз шуморо қаноатманд мекунад?

– Пурра не, лекин пешравиҳо ҳаст. Муаммоҳо низ ҷой дорад. Мушкилоти аввалин дар мутахассис аст. Дуюм, рафтору кирдорамон. Ҳоло ҳам ба соҳибкорӣ одат накардаем ва дар сатҳи даркорӣ нест. Масалан, бозор меравем, нарх дар ягон ҷо муайян нест, каланванда аст. Ба маъмурияти бозор амр медиҳанд, ки нархи маҳсулотро дар коғаз навишта монад. Лекин фурӯшанда найрангбоз аст. Худашро мусалмон мегирад, аммо дар ҳар қадамаш гуноҳ дорад. Нархро ҳар гуна мегӯяд. Имрӯз дар бозор нисбат заҳматкашу деҳқон ҳаннотон бештаранд. Инсоф аз байн рафта истодааст. Яккатозӣ дар боз оқибати ногувор дорад.

Ман ҳамеша ба фарзандон мегӯям, ки ба бозор рафтед, маҳсулотро савдо карда гиред. Бо нархе, ки фурӯшанда мегӯяд, нагиред. Аз рӯи мусалмонӣ бояд маҳсулот савдо карда шавад. Ақаллан як маротиба гӯед, ки чаро ин қадар қимат аст? Ба шахси шунидагӣ ҳам як маротиба таъсир мерасад. Аммо  мо бошем, гӯё забонамон  ях кардааст, ҳарфе намезанем, бо кадом нархе гӯяд, харид мекунем. Аз ин фурӯшандаро  чӣ парвост? Яъне, тарзи зиндагиамон он қадар ҳам муътадил нест. На аз нигоҳи дин ва на аз нигоҳи иқтисод.

-Хатаре дар иқтисодиёти кишвар мебинед?

-Хатар ҳамон вақт намешавад, ки мардум осуда бошанд. Давлат ба ғамхории мардум ниёз надошта бошад. Бой ҳамеша беғам аст. Дар фикри худу ҷонаш аст. Инсон то кӯшишу ғайрат накунад, обод намешавад. Аммо он ҳам боақлона, мулоҳизакорона  бошад. Кори сар сарӣ натиҷа ба бор намеорад. Амалдорони мо нисфашон ҳамин гунаанд. Барои аксарият муҳим рӯз гузарад.

-Чиро намеписандед?

-Ҳасудхӯрӣ. То ҳол маоши ягон касро намепурсам. Ба ҳаёти оилавиаш ҳам дахолат намекунам. Инсон бояд чунин бошад. Тавонад, ёрӣ расонад,  вагарна ба роҳи худ равад.

Аксарияти доноҳо пайи найранг мешаванд. Дар муҳите, ки ман кору зиндагӣ кардам, аксар олимон буданд. Дар ниҳодашон хислатҳои бади инсониро мушоҳида накардам. Махсусан, ректорон шахсияти олиҷаноб буданд.

Профессор Исоматов бо ҳамкорон

Афсӯс намехӯрам…

-Рисолати инсониро ба ҷо овардед?

-Инро Худованду шогирдон медонанд. Ҳамеша некӣ кардаам. Фитодаеро пой назадаам. Бо меҳнати ҳалол кор кардаму ба камол расидам.

-Аз киҳо парҳез мекунед?

-Аз одамони кассиф, бадгумон, нокас.

-Нокас кист?

-Тарбият  ё ибрат надидааст.

-Имрӯз ба синни 80  расидаед. Аз умри рафта афсӯс мехӯред?

-Не. Машаққат кашидам, дар ҷамъият мавқеи худро дарёфтам. Ҳамроҳи ҳамсарам чор фарзандро ба камол расонидем. Ҳамаашон маълумоти олии иқтисодӣ гирифтанд. Имрӯз дар сохторҳои гуногун фаъолият доранд. Яке аз фарзандонам Луқмонҷон ба наздикӣ Сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъин шуд. Ҳеҷ дахолате ба кораш накардаам. Бо заҳмати худ ба чунин сатҳ расид.

Мусоҳиб Усмон Раҳимзода

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.