Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Путин: Муҳоҷирро касе ҳақ надорад то охири сентябр аз Русия ронад

90 рӯзи дигар мақомот ҳақ надоранд, муҳоҷиронро аз қалмарави Русия берун ё ихроҷ кунанд ва дар бораи манъи вуруди муҳоҷирон ба қаламрави ин кишвар қарор қабул намоянд.

Бар асоси амри Путин, дар сурати вайрон накардани қонунҳои Русия муҳоҷироне, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ин кишвар ҳузур доранд, то охири моҳи сентябр депорт ё ихроҷ намешаванд. Агар онҳо қонуншикание дар гузашта карда бошанд, барои он ҷарима мешаванд. Давоми ин 90 рӯз онҳо бояд санадҳои худро дуруст ва кору зиндагиашонро қонунӣ кунанд. Пештар ба муҳоҷирон то 15-уми июни имсол чунин муҳлат дода буданд
Вадим Коженов, роҳбари Федератсияи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 15-уми июн дар шарҳи ин амри раисҷумҳури Русия гуфт, мувофиқи он давоми Ҳамчунон ба гуфтаи Коженов, ин амр барои афви муҳоҷирони дар Русия қарордошта заминаи ҳуқуқи фароҳам меорад. “Яъне агар шумо 6-7 сол дар Русия ғайриқонунӣ қарор доштед, ҳақ доред ба идораи пулис муроҷиат кунед ва агар ҳуқуқвайронкуние доштед, шуморо ҷарима мекунанд. Вале бо пардохти ҷарима шумо ҳақ пайдо мекунед, ки санадҳои худро аз нав дуруст кунед ва ҳузури қонунӣ дар Русия дошта бошед. Ман ба шумо тавсия медиҳам, ки аз 1-уми июл ба идораҳои пулис муроҷиат карда, будубоши худро қонунӣ кунед. Мунтазири 30-уми сентябр нанишинед”,–гуфт ӯ.
Дар хабари дафтари матбуоти ҳукумати Русия гуфта шудааст, ки то он замон мутобиқи қонунҳои байналмилалӣ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ қарорҳои ихроҷи маҷбурӣ содир намешавад. Қарори пешин имрӯз, 15-уми июн ба охир расид ва ин мояи ташвишу нигаронии садҳо ҳазор муҳоҷирони корӣ гардид, ки то нимаи июн натавонистанд, аз қайди нави мақомоти Русия гузаранд. Навбатпоиву талотуми зиёд дар назди муассисаҳои бақайдгирии расмии муҳоҷирон яке аз хабарҳои доғи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ буд.
Дар шарҳи қарор мақомоти рус гуфтанд, ки бино ба идомаёбии маҳдудиятҳои давраи пандемия, набуди парвозҳои мунтазам ба кишварҳои хориҷӣ ва дигар масъалаҳо қарор шуд, ки мӯҳлати бақайдгирӣ 90 рӯзи дигар тамдид шавад. Онҳое, ки натавонистанд ҳузури худро дар Русия ба расмият дароранд, акнун то 30-юми сентябр метавонанд ин корро анҷом диҳанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.