Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Роҳи охани Панҷакент -Самарқанд барқарор мешавад

Лоиҳаи сохтани қитъаи роҳи оҳани «Панҷакент (Тоҷикистон) — истгоҳи Булунгур / истгоҳи Ҷамбай / истгоҳи Фабрика (Ӯзбекистон)» зимни мулоқоти муовини Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ва муовини Вазири нақлиёти Ӯзбекистон Абдусамат Мӯъминов муҳокима шудааст.

Тибқи иттилои вазорати нақлиёт, дар мулоқот инчунин лоиҳаи созишнома байни ҳукуматҳои ду кишвар «Дар бораи транзити молҳои хатарнок аз тариқи қаламрави Ӯзбекистон» баррасӣ шудааст.

Илова бар ин, ҷонибҳо имконоти барқарор кардани робитаи ҳавоӣ байни ду кишварро бо риояи талаботи зидди эпидемиологӣ, инчунин барқарорсозии ҳамлу нақли борҳоро тавассути қитъаи роҳи оҳани «Бекобод-Истиқлол-Бекобод» ва ҳамлу нақли автомобилии борҳоро аз тариқи нуқтаи назоратӣ — гузаргоҳии «Патар-Андархон» баррасӣ карданд.

Дар фарҷоми мулоқот оид ба масъалаҳои баррасишуда  ҷонибҳо протоколи дахлдорро имзо карданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.