Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шариф Раҳимзода зарари COVID 19 -ро ба иқтисоди Тоҷикистон шарҳ дод

Шариф Раҳимзода, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  мегӯяд, имрӯз дар Тоҷикистон таъсири коронавирус ба соҳаҳои хизматрасонӣ бештар эҳсос мешавад. Аз ҷумла, ба соҳаи нақлиёти ҳавоӣ,  зеро чандест ҳавопаймоҳои мо парвоз надоранд ва ин соҳа аз даромад мондааст.

“Соҳаи мазкур бо чандин соҳаҳои дигари хизматрасонӣ, ба монанди марказҳои фурӯши чиптаҳо, ширкатҳои таъминкунандаи нақлиёти ҳавоӣ бо сӯзишворӣ ва хӯрокӣ пайваст мебошад ва  дар ин асос садҳо нафар ҷойи кори худро аллакай аз даст додаанд. Соҳаи нақлиёти рӯйизаминӣ  низ тақрибан бе кор мондааст. Бо қатъ шудани фаъолияти бозорҳои фурӯши либос шояд даҳҳо ҳазор одамон бекоранд. Танҳо дар бозору марказҳои савдои  шаҳри Душанбе  зиёда аз 76000 нафар кор мекунанд, ки ҳоло қисме аз онҳо муваққатан бекоранд. Яъне хоҳу  нохоҳ ин беморие, ки ба сари башарият омадааст, ба рушди иқтисодиёт таъсири манфӣ  мерасонад”,- гуфтааст Раҳимзода дар суҳбат бо “Ховар”.

Тавре директори Институти иқтисодиёт ва демография Шариф Раҳимзода иброз дошт, агар мо ду моҳ ҳамаи соҳаҳоро мебастем ва намегузоштем, ки мардум кор кунанд, тақрибан 16 млрд. сомонӣ ба иқтисодиёти давлат зарар мерасид. Ин дар ҳолест, ки тибқи нақша соли 2020 бояд маҷмӯи маҳсулоти дохилии мо ба сатҳи 87 млрд. сомонӣ мерасид. Яъне агар мо аз нимаи моҳи апрел то  нимаи моҳи июн карантин ҷорӣ мекардем, пас наметавонистем он маҳсулоти кишоварзиеро, ки имрӯз дар бозорҳои мо фаровонанд,  ба даст орем. Албатта, имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу баррасиҳо хеле зиёд аст, ки чаро мо сари вақт карантин эълон накардем ва нагузоштем, ки иҷборан мардум дар хона бимонанд.  Вале имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хулосае омад, ки одамонро дар хонаҳо маҳкам карда намешавад. Чунки одамон бояд кор кунанд, одамон наметавонанд бе даромад зиндагӣ кунанд,  қисми зиёди ҷомеа онҳоеянд, ки ҳар рӯз як маблағи муайян ба даст меоранд ва харҷи рӯзгорашон аз кори рӯзмарраашон вобастагӣ дорад. Бубинед, новобаста ба он, ки пандемия дар Федератсияи Россия хуруҷ дорад, лекин онҳо маҷбур шуданд, ки иҷозат диҳанд, то мардум бо риояи қоидаҳои муайяни муҳофизатӣ ба кор бароянд.

Дар кишварҳои дигари Аврупою Амрико низ ба чунин хулоса расиданд. Мамлакати  Шветсия умуман карантин эълон накард.  Бинобар ин мо бояд ба воҳима дода нашавем ва дар он ҷойе, ки имкон аст, бо дарназардошти таъмини бехатарии он намуди  фаъолият  корро идома диҳем, истеҳсол кунем ва тавонем зиндагии худро дар сатҳи муайян таъмин намоем, —  илова намуд Шариф Раҳимзода.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.