Соҳибкорони тоҷику қазоқ дар Душанбе

17 май дар Душанбе форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мешавад. Дар ин бора  Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар додааст.

Миссияи истеҳсолкунандагони молҳои Қазоқистон дар Тоҷикистон аз 17 то 19 май дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев доир мегардад.

Форуми тиҷоратӣ аз ҷониби ҶСК «Маркази рушди сиёсати тиҷоратии «QazTrade»»-и Қазоқистон ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ташкил карда мешавад.

Интизор меравад, ки дар форум намояндагони ширкатҳои миллии соҳибкории Қазоқистон ва Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни иқтисод ширкат варзанд.

Намояндагони ҷомеаи тиҷоратӣ имконияти таъмиқи ҳамкориро баррасӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *