«Сомон Эйр» ба Pressa.tj: Ба кормандон кумак расондем

Ширкати «Сомон Эйр» аввалин шуда ба маводи «Тақдири кормандони «Сомон Эйр», «Тоҷик Эйр» ва Фурудгоҳи Душанбе чӣ мешавад?», ки дар рӯзномаи  «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj чоп шуда буд, посух гуфт.

Дар ҷавоби Томас В. Ҳаллам, директори генералии «Сомон Эйр» ба ҳафтаномаи «Тоҷикистон» чунин омадааст:

-Дар айни замон бар асари паёмадҳои COVID-19 дар саросари ҷаҳон тақрибан 80 ширкати ҳавопаймоӣ муфлис гардидааст ва ин омор рӯ ба афзоиш аст. 

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар ин асно барои идомаи фаъолият дар шароити феълӣ ҷаҳду талош дорад. Дар ҳоле ки аксари ширкатҳои бузурги ҳавопаймоии ҷаҳон аз ихтисори кормандони худ эълон доштанд, ширкати “Сомон Эйр” ҳама иқтидори худро барои нигоҳдории ҳайати пурраи кормандони худ равона сохт.

Бинобар қатъи парвозҳои мунтазам ширкат водор шуд 90% коргарони худро аз охири моҳи март то моҳи июни соли ҷорӣ ба рухсатии бемузд барорад ва ҳамзамон, дар ин муддат роҳбарияти ширкат бо мақсади нигоҳдории музди меҳнати кормандон оиди гардиш (ротатсия)-и кормандон қарор қабул намуд. Аллакай аз моҳи июл марҳила ба марҳила кормандон ба кор бо реҷаи 4-соата бозхонд шуданд ва айни замон ҳамаи кормандони “Сомон Эйр” бо кор фарогир мебошанд.

Мебояд гуфт, барои дастгирии аҳли коргоҳ дар вазъияти пандемӣ роҳбарияти ширкат ба кормандон се маротиба кумаки молиявӣ ва озуқаворӣ расонидааст. Ба кормандони гирифтори COVID-19 бошад, иловатан кумакпулӣ расонида шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *