Тайван ва Чин бӯҳрони ҷаҳониро ба вуҷуд меоранд. Чаро?

Амалҳои муайяни ҶМЧ дар ояндаи наздик метавонад боиси болоравии қурби доллар гардад

Замое ки Тайван ба Чин мепайвандад, доллар боло меравад. Инро иқтисоддон Михаил Делягин дар мусоҳиба бо канали YouTube -и «Радио Аврора» гуфтааст.

Ба гуфтаи коршинос, муттаҳидшавии Тайван ва Чин бӯҳрони ҷаҳонро ба вуҷуд меорад ва бозорҳои саҳҳомро ба поин меоварад. Ин аз сабаби фишори иқтисодии ИМА ба ҶМЧ рух хоҳад дод.

Делягин таъкид кард, ки ҳоло пешгӯии ояндаи доллар, евро ва асъори дигар ғайриимкон аст. Бо вуҷуди ин, нархҳо ва бозорҳо барои шаш моҳи дигар мӯътадил хоҳанд монд.

Аммо бояд ёдовар шуд, ки чанде пеш назари коршиносон бар он буд, ки доллар эътиборашро аз даст дода, эҳтимолияти ба бозори ҷаҳонӣ воридшавии юан ва рублро гуфта буданд. Ва назари дигаре дар бораи он буд, ки вазъи иқтисодиву сиёсии Амрико мавриди нигаронкунанда қарор дорад на Чин. Лек чунин тағир кардани назарҳо дар чи бошад? Дар ин бора назари коршинос Делягин дар ин бора дигар аст.

Иқтисоддон аз афзоиши рекордии се асъор гуфт, аммо доллар миёнашон нест

Дар 12 моҳи оянда Пекин метавонад ба амали қатъӣ алайҳи Тайван гузарад. Дар ин сурат Вашингтон ба баъзе молҳое, ки таъминоти онҳо барои Ғарб зарур нест, эмбарго ҷорӣ хоҳад кард.

Дар давраи бӯҳрони ҷаҳонӣ, тилло ва криптовалютҳои пешсаф бештар аз ҳама боло мераванд: сармоягузорон онҳоро ҳамчун механизми сарфаи маблағ истифода мебаранд.

Ба гуфтаи Делягин, ҳамроҳшавии Тайван ба Чин метавонад ҳар вақт то октябри 2022 сурат гирад.

«Вақте ки ин ҳодиса рӯй медиҳад, Иёлоти Муттаҳида ба тиҷорат бо Чин эмбаргои интихобӣ эълон мекунад. Бозорҳои саҳомӣ поин хоҳанд рафт, доллар боло меравад ва он гоҳ дигар ҳама асъорҳо меафтанд. Тилло ва Биткоин боло хоҳанд рафт», — гуфт иқтисоддон.

Мавриди зикр аст, ки муқовимат бо Чин мушкилоти асосии геополитикӣ барои Амрико аст. Барои маҳдуд кардани нуфузи Чин дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, Вашингтон дар якҷоягӣ бо Лондон ва Канберра эътилофи низомии AUKUS-ро таъсис дод. Ва бо далелҳои  аксари иқтисоддонҳо ва сиёсатшиносон  ин кори саҳл нест.

 Бо Чин дастобагиребон будан, барои худи Амрико мушкилотеро ба бор меоварад, ки ҳанӯз Амрико чашминтизорашро надорад. Аммо чун зиддиятҳо авҷгиранд, инро ИМА дар пӯсти худ дарк хоҳад намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *