Ташаббуси Раҳимзода дар арафаи Иди саиди Фитр

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар арафаи Иди саиди Фитр ба кормандонаш ярмармаркаи фурӯши маҳсулоти арзон доир кард.  

Тавре ки подполковник Маҳбуба Гул, масъули маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, рӯзи 11 май, дар арафаи иди Рамазон бо ташаббуси роҳбарияти ВКД дар ин вазорат барои кормандонаш ярмаркаи фурӯши маҳсулоти хӯрока бо нархҳои хеле арзонтар аз нархи бозор доир шуд.

“Дар ин ярмарка маҳсулоти ғизоӣ аз қабили гушту биринҷ, равғану шакар, тухму орд, картошкаю пиёз, навъҳои гуногуни мева ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум пешкаши харидорон карда шуд. Аз он ҷумла, 1 кг гушт – 40 сомонӣ, як қуттӣ тухм – 15 сомонӣ, 10 кг орд – 30 сомонӣ, 1 кг биринҷ – 5 сомонӣ, 1 кг шакар – 6 сомонӣ, 1 кг помидор – 5 сомонӣ, 1 кг бодиринг – 2 сомонӣ, 1 кг картошка – 4 сомонӣ, 1 кг пиёз – 3 сомонӣ, 1 кг сабзӣ – 3 сомониро дар бар мегирифт”, – гуфта мешавад дар иттилоияи нашршуда дар сомонаи ВКД Тоҷикистон.

Ин дар ҳолест, ки нархи як кило гӯшт дар бозорҳои Тоҷикистон 65 сомонӣ  ва рӯзҳои охир нархи як қуттӣ тухм ба 42 сомонӣ расидааст. Нархи меваҷот низ дар бозорҳои Тоҷикистон майли болоравӣ дорад.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *