Тоҷикистон аз БОР қарзи бебозгашт мегирад

Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи имрӯз, 3-юми март созишномаҳои грантӣ миёни Ҳукумати кишвар ва Бонки Осиёии Рушдро тасдиқ кард. Дар асоси ин созишнома Тоҷикистон аз Бонки Осиёии Рушд 105 миллион доллар қарзи бебозгашт мегирад.

Ин маблағ барои лоиҳаҳои «Барномаи рушди бахши энергетика» ва «Устувории шабакаи роҳ»-ҳо равона мешавад. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон баромад карда, дар назди вакилон гуфт, маблағҳо ба рушди шабакаҳои энергетикӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Конибодом, Исфара, Истаравшан ва Данғара равона карда мешаванд.

Номбурда гуфт, аз ҳисоби гранти мазкур тақрибан 400 ҳазор ҳисобкунакҳои барқӣ, 264 трансформатори пуриқтидор барои коҳиши талафоти нерӯи барқ ва рушди низоми биллингӣ харидорӣ мешавад, ки дар ин умур 70 миллион доллари он масраф мешавад.

Ғайр аз ин, Бонки Осиёии Рушд барои таҷдиди роҳе, ки шаҳраки Хулбукро бо маркази ноҳияи Темурмалик мепайвандад, 73 миллион доллар медиҳад.

«Лоиҳаи мазкур баҳри қонеъ намудани талаботи муҳими минтақа оид ба беҳтаргардонии шоҳроҳҳои миллӣ, алалхусус Данғара-Оқмазор ва Ҳулбук-Кангурт равона шудааст. Қитъаҳои мазкур шоҳроҳи Осиёии №66 дар Данғара ва Ҳулбукро пайваст намуда, барои ҳамгироии марказҳои бузурги иқтисодии минтақа хидмат менамояд», — омадааст дар иттилоияи Вазорати молия.

Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 72,93 миллион долларро ташкил дода, аз он 67,49 миллион доллар аз ҳисоби гранти Бонки Осиёии Рушд ва 5,44 миллион доллар аз ҳисоби саҳми Тоҷикистон татбиқ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *