Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Толибон умед ба Русия мебанданд. Оё Русия кумаки беғаразона карда метавонад?

Толибон умедворанд, ки Русия дар барқарорсозии Афғонистон кумак хоҳад кард

«Толибон» умед бар он доранд, ки Русия барои барқарорсозии Афғонистон кумак хоҳад кард, дар ин бора ТАСС бо истинод ба муовини вазири иттилоот ва фарҳанги ҳукумати «Толибон»* дар Афғонистон Забеҳулло Муҷоҳид хабар медиҳад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, Кобул умед бар он дорад, ки Федератсияи Русия дар бозсозии Афғонистон, ки дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ дар даҳсолаҳои охир зарар дидааст, ширкат хоҳад кард.

«Русия як кишвари муҳим аз нигоҳи иқтисодӣ аст. Афғонистон дар рафти ҷанг хароб карда шуд, Русия ва дигар кишварҳо метавонанд барои барқарор кардани он кумак кунанд «, — гуфт намояндаи «Толибон»*.

Забеҳулло изҳори умедворӣ аз ҳамкорӣ бо ҳама давлатҳо кард ва афзуд, ки сармоягузории хориҷӣ дар барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон метавонад нақши бузург бозад.

«Мо аз чунин кумак истиқбол мекунем ва ба дастгирии молиявӣ умед мебандем», — гуфт Забеҳуллоҳ Муҷоҳид.

Ҳамзамон, намояндаи ҷунбиш афзуд, ки «Толибон»* имкон дорад, кормандони сафорати Афғонистонро аз Маскав бозхонд кунанд.

Ба гуфтаи онҳо, баъзе намояндагони шӯъбаи дипломатӣ вазифаҳои худро дуруст иҷро намекунанд.

Ба гуфтаи муовини вазир, масъалаҳои тағйири кадрҳо бояд аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати нави Афғонистон ҳал шаванд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.