Туркманистон боз мошинҳои Тоҷикистонро иҷозати гузаштан надод

Ронандагони тоҷикистонӣ мегӯянд,ки Туркманистон боз ҳам гузаштани мошинҳои Тоҷикистонро аз ҳудуди худ манъ кардааст.

Мақомоти Туркманистон аз субҳи 4 феврал танҳо ба мошинҳое, ки аз Тоҷикистон меоянд ваё ба Тоҷикистон бор мекашонанд, иҷозати убуру мурур намедиҳанд. Мошинҳои роҳии кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Ӯзбекистону Қирғизистон бидуни ягон мушкил ё мамониат аз қаламрави Туркманистон убур мекунанд.Ба гуфтаи ронандагон, дар байни ҳамагӣ чанд соат танҳо дар гузаргоҳи Алат алакай беш аз 40 мошине, ки аз Тоҷикистон меомаданд, ҷамъ шудаанд, вале мақомоти туркман ба онҳо иҷозати гузаштан намедиҳанд. Онҳо мегӯянд, ҷониби Туркманистон сабаби манъи убуру мурури мошинҳои марбут ба Тоҷикистонро шарҳ намедиҳанд. То ҳол  25 мошини пур аз бори роҳии Тоҷикистон дар гузаргоҳҳои марзи Эрон бо Туркманистон дармондаанд. Мақомоти Туркманистон аз он самт низ фақат мошинҳои роҳии Тоҷикистонро иҷозати гузаштан намедиҳанд.Ронандагони тоҷик аз мақомоти Тоҷикистон тақозо доранд, ки ба таври оҷил ба мушкили онҳо расидагӣ карда, мавзӯи иҷозати убуру мурури мошинҳои Тоҷикистонро бо мақомоти Туркманистон ҳаллу фасл кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *