Ваъдаи Шералӣ Кабир ба мардуми Тоҷикистон

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав  гуфтааст, ки то охири сол дар Тоҷикистон 103 корхона ва 139 коргоҳ сохта мешаванд.

Ба гуфтаи вазир, бахши умдаи ин коргоҳҳои истеҳсолӣ ба истихроҷи маъдану филизоти рангӣ равона мешаванд.

«Ҳаминак дар Тоҷикистон беш аз 50 навъи маъдани филиз истихроҷ мешавад ва аз ин назар ин кишвар дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷойгоҳи вижае қарор дорад», — менависад аз қавли вазир ва дар истинод ба расонаҳо «Парс тудей».

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон афзуд: Дар Тоҷикистон аз 600 кони шиносоишуда танҳо дар 100 кон истихроҷ оғоз шудааст, аммо ҷазби сармояи хориҷӣ дар ояндаи наздик ба зарфияти тавлид хоҳад афзуд.

Шералӣ Кабир меафзояд: “Баҳрабардорӣ аз ду кони тиллои ҷадид дар водии Зарафшон, дар шимоли Тоҷикистон мавсум ба Чорӣ ва Дуоба ва ҳамчунин истихроҷи нуқра дар чаҳор кони шимоли Тоҷикистон ва вилояти кӯҳистони Бадахшон дар ҳоли баррасӣ аст, ки бо иҷро шудани ин тарҳҳо ин кишвар метавонад ба яке аз қутбҳои тавлиди нуқра дар ҷаҳон табдил шавад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *