Эълони калони Муҳаммад Наимов
Варзишгари тоҷик Муҳаммад Наимов пас аз ғолибияти фаврӣ бар варзишгари ирландӣ эълони калон кард.
Муҳаммад Наимов ба роҳбари UFC Дана Уайт муроҷиат карда, гуфт, ки шартномаи ташкилотро интизор аст.
— Шумо ба ман ваъда дода будед, ки шартнома мебандем, вале то ҳол ин корро анҷом надодаем. Ба ман шартнома диҳед, 10 миллион нафар дар он тарафи уқёнус муҳорибаи маро дар UFC интизоранд,- гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳақиқат Дана Уайт чанде пеш барои иштироки Муҳаммад Наимов дар ташкилоти UFC гуфта буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳи хонанда