Эмкунӣ зидди коронавирус дар Суғд кай оғоз мегардад?
Дар Тоҷикистон эмкунӣ бар зидди коронавирус қариб як моҳ инҷониб идома дорад. Аммо вилояти Суғд, ки ҷойи осебпазир аст, оғози гузаронидани ваксина маълум нест.
Ин дар ҳолест, ки дар пойтахт аллакай ба кормандони соҳаи маорифу тандурустӣ ваксина гузаронида шуд. Дар дигар минтақаҳо, аз ҷумла шимоли Тоҷикистон, ки ҳамсарҳад бо Ӯзбекистону Қирғизистон мебошад, оғози ваксинагузаронӣ маълум нест.
Тавре дар суҳбат директори ФМД » Маркази имунопрофилактика»-и вилояти Суғд Ҷаннатой Набиева иттилоъ дод, айни ҳол дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят омӯзиши ваксинаторҳо гузаронида шуда истодааст.
— Тренерон аз ҳисоби кормандони соҳаи имунопрофилактикаи ҷумҳуриявӣ ба мутахассисон семинарҳо гузаронида, тарзи дурусти эмкуниро омӯзонида истодаанд. Ин омӯзиш то 23-юми апрели соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт,-гуфт ӯ.
Набиева дар масъалаи кай дар вилояти Суғд оғоз шудани маъракаи эмгузарониро номаълум арзёбӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки 23-юми марти соли ҷорӣ дар саросари кишвар маъракаи эмгузаронӣ бар зидди коронавирус оғоз ёфт. Ба Тоҷикистон 192 ҳазор воя( доза) ваксинаи AstraZeneca ворид шуд, ки онро аввалин шуда вазири тандурустӣ ва муовинонаш ба худ гузарониданиданд. Ваксина дар Тоҷикистон ройгон ва ихтиёрӣ аст. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ аввал байни кормандони тандурустӣ ва илму маориф, сипас нафарони аз 60- сола боло, шахсони дорои бемориҳои роҳҳои нафас эм гузаронида мешаванд.
Мадина Почоева
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ