Эмомали Рахмон

Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ меравад

18-уми июл, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Арабистони Саудӣ меравад. Дар ин бора Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфти манбаъ сафари Эмомалӣ Раҳмон ду рӯз идома хоҳад кард.
“Ҷаноби олӣ рӯзи 19-уми июл дар Саммити нахустини Сарони давлатҳои узви Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ ширкат мекунанд ва ҳамон рӯз ба Тоҷикистон бармегарданд”, — гуфт Абдуфаттоҳ Шарифзода.
Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки “Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳукумат ба шаҳри Макка ҳам сафар карда, маносики ҳаҷҷи умраро адо мекунанд”.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон 4 маротиба ҳаҷҷи умраро адо карда, ду маротиба дохили хонаи Каъба ҳам даромадааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *