Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон сафар мекунад (аудио)
Рӯзҳои наздик Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Тошканди Ӯзбекистон мешавад.
Дар робита ба сафари расмии қарибулвуқӯи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон мақолаи Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар “Ховар” чоп шудааст.
Дар назар аст, ки зимни ин сафар суҳбати рӯ ба рӯи Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев баргузор гардад.
Ҳамчунин, дар доираи ин сафар маҷмӯи масъалаҳои ҳамкорӣ баррасӣ хоҳад шуд ва равобити дӯстона таҳким хоҳад ёфт. Дар доираи ин сафар вохӯрии соҳибкорон, форуми иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, конфронси илмиву амалии минтақавӣ ва якчанд чорабиниҳои дигари фарҳангӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ