Эмомалӣ Раҳмон чандин иншоотро аз Шуле то Навобод ифтитоҳ кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи дуюми сафари кориаш ба ноҳияи Рашт чандин иншооти дигарро дар минтақаҳои гуногуни ноҳия ифтитоҳ кард
Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияҳои водии Рашт дар деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзодаи деҳаи Шулеи ноҳияи Рашт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35-ро, ба истифода дод.
Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Файзиддин Зиёвудинов бунёд шудааст.
Сохтмони бино моҳи ноябри соли 2019 оғоз гардида, сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расидааст.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт манзилҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ ба истифода дод.
Раисҷумҳури кишвар ба хизматчиёни давлатӣ калидҳои манзилҳои истиқоматиро супорида, онҳоро ба хизмати софдилона ба манфиати давлату миллат ҳидоят намуданд.
Гуфта шудааст, ки иншооти мазкур бо маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бунёд гардида, аз 5 ошёна ва 48 манзили истиқоматӣ иборат мебошад.
Қайд карда шудааст, ки манзилҳои истиқоматӣ дар ноҳияи Рашт бо мақсади дар ноҳияҳои дурдаст аз имкони мусоид барои зиндагӣ баҳравар намудани хизматчиёни давлатӣ сохта шудаанд.
Соҳиби манзили истиқоматӣ кормандони сохторҳои гуногун дар ноҳияи Рашт мебошад.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бинои маъмурии ҷамоати шаҳраки Навободро низ ифтитоҳ кард.
Иттилоъ дода шудааст, ки сохтмони он моҳи июни соли 2019 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2021 ба анҷом расид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур санги асоси бинои мазкурро ҳанӯз соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт Президенти Тоҷикистон гузошта буд.
Бунёди бино нави маъмурии ҷамоати шаҳраки Навобод бо маблағгузории Ҳукмати кишвар сохта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои иҷрои пурраи вазифаҳои хизматӣ ва мутобиқ ба талаботи замон ба мардум хизмат расонидан дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Бояд қайд кард, ки аҳолии шаҳраки Навобод 6000 нафарро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ