Эмомалӣ Раҳмон: дар ҳайратам, ки чаро ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ваъи Афғонистон хомӯширо ихтиёр кардаанд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, аз созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳону минтақа даъват кард, ки барои ҳалли қазияи Афғонистон даст ба чораҳои фаврӣ ва муштарак зананд.

Вай рӯзи 8-уми сентябр дар ҷаласаи бахшида ба истиқлоли Тоҷикистон гуфт, дар Афғонистон бояд ҳукумати мусолиҳаи миллӣ «бо фарогирии манфиатҳои тамоми қавму миллатҳои сокини Афғонистон» таъсис ёбад.

Ин дар ҳолест, ки гуруҳи «Толибон» як рӯз пеш ҳайати ҳукумати муваққатии худро расонаӣ кард. Ин феҳрист нишон дод, ки ақаллиятҳои миллӣ ва занон ба ин ҳукумат ворид нашуда, ба камияш ду узви ин ҳукумат дар феҳристҳои байнулмилалии террористон аст.

«Ман дар ҳайратам, ки тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар мавриди пуштибонӣ аз ҳуқуқи мардуми Афғонистон ҳеҷ ташаббус нишон намедиҳанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои манфиатдор ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки мардуми Афғонистонро бо мушкилоти бавуҷудомада танҳо гузоранд. Вазъияти сангину фалокатбори ин кишвар бо гуноҳи сокинони он ба вуҷуд наомадааст», — гуфт Раҳмон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *