Эмомалӣ Раҳмон: Куҷост Гулназар?
Адабиёти тоҷик талафоти калон дид. Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи матни Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ, ки пас аз як моҳ 75 — сола мешуд, аз олам даргузашт…
Пуштвонаи адабиёт
Бо устод Гулназар меҳмони Хуҷанди бостонӣ будем. Баъди чорабиние мизбонон моро бо микроавтобус ба ҷойи дигар бурданӣ шуданд. Қатори аввал ҷойи меҳмони олиқадр, муаллифи Суруди миллӣ буд. Устод нишастан замон аз устод Фарзона, ки дар қатори дувум, дар пушти эшон менишастанд, узр пурсиданд:
-Бону, бубахшед маро, ки пуштам ҷониби шумост.
-На, на, мушавваш нашавед, шумо пуштвонаи мо, пуштвонаи адабиёти мо ва пуштвонаи миллати моед, устод, — бо шеваи ба худ хос посух доданд устод Фарзона.
…Воқеан, бо рафтани устод Гулназар адабиёти мо чунин як пуштвонаи бузургро аз даст дод. Зеро устод Гулназар натанҳо як шоири барҷаста, балки симои адабиёти тоҷик буданд. Эшон чашмае буданд, ки ҳазорон мухлису дилбохтаи адабиётро шодоб ва дарахти азиме буданд, ки садҳо эҷодкори навроҳ аз самари он баҳра мебардошт. Бо рафтани устод Гулназар чунин чашма хушкид, чунин дарахти азим решакан шуд…
Мо бо устод Гулназар муносибати хос доштем, дӯст будем гӯям ҳам, хато намекунам. Эшон ҳамеша дар паҳлӯйи мо буданд, ташаббусҳои моро дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дастгирӣ мекарданд, меҳмони доимӣ ва муаллифи ҳамешагии нашрияи мо буданд. Охирин шеърашонро, ки “Дод аз дасти короновирус” ном дошт, мо чоп кардем…
Ман борҳо бо устод Гулназар суҳбат доштам. Он чи дар зер пешкаши шумо мешавад, пораҳоест, ки дар суҳбатҳои нашршуда роҳ наёфтаанд…
Шеъри аввалин
Ман аз овони хурдӣ ба навиштани шеър шурӯъ кардам. Ҳангоми дар синфи 4-ум таҳсил карданам муаллими ҷавоне ба мактаби мо омад. Дар миёни мактабиён овозае паҳн шуд, ки гӯё муаллими ҷавони мо шоир будааст. Ману як ҳамсабақам дар вақти танаффус дафтарҳои муаллимро тагурӯ кардем, то ки шоир будан ё набуданашро бифаҳмем. Воқеан, дафтарҳояш пур-пури шеър буданд. Ман дар кӯдакӣ бачаи шӯх будам, мисли қаҳрамони филми “Шум — бола”. Бинобар ин, яке аз сурудаҳои Барно Исҳоқоваро аз патифон китобат карда, вақти дарс “шеъри худам” — гӯён ба муаллим пешниҳод кардам. “Офарин, барои чунин шеъри нағз навиштан, бояд Ҳилолӣ бошӣ”,-гуфт, муаллим баъди мутолиа. Ростӣ, бисёр шарм кардам, аммо ин оғози робитаи устодӣ ва шогирдии муаллим бо ман шуд. Ин муаллим устод Қутбӣ Киром буданд, ки ба шарофати эшон ҳамон сол нахустин шеъри ман тариқи газетаи ноҳиявӣ нашр шуд, ки чанд мисраи он дар ёдам ҳаст:
Агар плон шавад буд
Он гаҳ аз сотсиализм,
Бо қадамҳои калон
Равем ба коммунизм.
Туҳфа ба Турсунзода
Вақте ки мо ҳамчун тарҷумони мутахассисони шӯравӣ ба Афғонистон рафтем, ҷои зиндагӣ ва кори мо Мазори Шариф буд. Ҳамон шабу рӯз дар ин кишвар шуҳрати Аҳмад Зоҳир ба авҷи аъло расида буд. Мо ҳам мафтуни садои ӯ ва мухлиси сурудҳояш шудем.
Аввалҳои соли 1977, вақти ба Ватан бармегаштан, аз назди як дӯкон мегузаштам, ки аз магнитафон овози марғуладори Аҳмад Зоҳир садо медод. Вале ман аз дигар чиз дар ҳайрат шудам. Ӯ шеъри шиносро месароид. Бодиққат гӯш кунам, ин ҳамон шеъри машҳури устод Турсунзода «Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист» буд. Ман ҳайрон шудам.
Аз дӯкондор хоҳиш кардам, ки ҳамин сурудро як нусха сабт карда диҳанд. Чунин шароит набуд. Бинобар ин, ман магнитафони худамро рӯ ба рӯ монда сурудро сабт кардам.
Вақте ба Душанбе омадам, устод Мирзо Турсунзода бемор буданд. Ба наздашон рафтам. Духтари устод Фирӯзабону гуфтанд, ки бо супориши табибон даромадан пешашон мумкин нест. Ман кассетаро ба он кас додам… Баъди чанд вақт устод шифо ёфтанду мо дар Иттифоқи нависандагон вохӯрдем. Гуфтанд, ки сабтатон ин қадар тоза нест. Вале гуфтанд, ки бисёр хурсанд ҳастанд, ки чунин овозхоне, ки ҳамчун булбули Шарқ ном баровардааст ва ояндаи ӯ боз бузургтар аст, ин суруди маро замзама мекунад. Замзама шудани шеърҳои ман дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ин атроф як чизи муқаррарист. Аммо оне, ки Аҳмад Зоҳир хонд, ин беҳтарин суруд аст. Воқеан, ин беҳтарин тарона аст.
Ҷоизаи Суруди миллӣ
Матни Суруди миллӣ аз ибтидо мавриди баҳсу мунозира қарор гирифт, аммо ин баҳсҳо қариб ҳама муғризона буданд. Касеро ба оҳангу матн коре набуд. Хулосаи ҳамаи баҳсҳо чунин буд: “Чаро Гулназар муаллифи Суруди миллӣ аст?”. Ҳатто рӯирост мегуфтанд, ки Гулназар ошнобозӣ кард. Ҳол он ки озмуни Суруди миллӣ ба таври пӯшида доир шуд ва чаҳор сол идома ёфт. Ҳар вақте Ҳукумат дигар мешуд, боз талаботи нав мегузошт. Чун ҳокимияти конститутсионӣ сари кор омад, озмунро давом дод. Ман худам узви ҳакамон будам. Устод Қаноат, Шакурӣ, Лоиқ, Аскар Ҳаким ва аксари нухбагони адабиёту мусиқӣ ва сиёсат узви ҳакамон буданд. Озмун пӯшида ҷамъбаст шуд ва касе намедонист, ки шеър ё оҳанг аз кист. Дар умум, 114 суруд бо оҳангаш пешниҳод шуд, аммо шеърҳои бидуни оҳанг ба маротиб бештар буданд. Аввал аз тариқи овоздиҳии пинҳонӣ аз миёни 114 панҷ суруд интихоб шуд, ки дуто аз ман ва ду — то аз устод Лоиқ буд.
Ман дар ҷараёни ҷамъбасти озмун, дар Театри опера ва балети С.Айнӣ ҳузур надоштам. Мегӯянд, ки вақте лифофаро оварданд, ҳама дар ҳаяҷон буд, ки аз они кӣ гузашта бошад. Вақте боз карданду муаллиф маълум шуд, ҳама бархоста кафкӯбӣ мекунанд. Президенти имрӯзаамон, ки он вақт Раиси Шӯрои Олӣ буданд, мепурсанд, ки куҷост Гулназар. Вале мо барои он ҷо рафтан ҳақ надоштем. Ҷойи якуму дуюм насиби ман шуд ва ҷойи сеюм насиби устод Лоиқ. Бозии мардона буд. Агар супоришӣ мебуд, супориш медоданд, ки устод Лоиқро ҷойи аввал бигузоранд. Шоири барҷастаи мо буд.
Вақте ки озмун эълон шуд, гуфтанд, ки ба ғолиб як миллион сӯми тоҷикӣ инъом мешавад. Як миллион пули хеле калон буд. Ҳафтуми сенятбри соли 1994 Суруди миллӣ қабул шуд. Дар пеш интихоботи президентӣ буд. Моҳи марти 95-ум интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. Яъне, ҳама саргарм буданду ман он ҷоизаро гирифта натавонистам. Давраи гуруснагӣ буд. Баъд ба рафиқ Достиев, ки ҷонишини аввали Раиси Шӯрои Олӣ буд, муроҷиат кардам. Он кас Алимардоновро, ки раиси Бонки миллӣ буд, даъват карданд. Ӯ гуфт, ки ин маблағро надорад. Он вақт 275 ҳазор баробари 100 доллар буд.
Яъне, Бонки миллӣ дусад доллар надошт, ки ба ман диҳад. Баъдтар пул боз ҳам беқурб шуд. Вақте қисм-қисм онро ба ман доданд, он ягон халта орд мешуд…
Аммо ин муҳим нест, муҳим ки суруд садо медиҳад.
Тамоюли номатлуб
Аз ҳама тамоюли номатлуб дар замони ҳозир зиёд шудани шеърнависон ва бадтар аз ҳама чопи китоби эшон аст. Имрӯз ҳар касе ки вазну қофияро медонад ва ё намедонад, ба навиштани шеър машғул мебошад. Чопхонаҳои мо, ки ба тиҷорат машғуланд, чунин китобҳоро чоп мекунанд. Ин раванд агар идома ёбад, баъди чанд сол мардум шоири асилро аз грофоман фарқ карда наметавонад ва ба шеър чун ба як чизи арзон муносибат менамояд. Муқаддасоти шеър аз байн меравад. Завқи мардум паст мешавад.
Шеър бояд Рӯдакивор бошад…
Дар шеъри имрӯзи мо равияҳои хуб ба чашм мерасад. Ҷавононе, ки имрӯз ба майдони адабиёт омадаанд, аз лиҳози забон ва бадеият хеле хуб ҳастанд. Ҳамаи ин ба шарофати дастрасӣ ба адабиёти ҳамзабонон аст. Зеро имрӯз ҷавонони мо бо адабиёти Эрону Афғонистон шинос шуда, дар ҳамин маҷро ва дар ҳамин сатҳ шеър гуфтанӣ ҳастанд. Ман ҳеҷ гоҳ забони шеъри шоири ҷавони имрӯзаро бо шеъри шоирони солҳои чилуму панҷоҳум ва ё шастум муқоиса карда наметавонам. Инҳо хеле пешрафтаанд.
Вале гароиш ба шеъри ҳамзабонон набояд кӯр-кӯрона бошад. Мояи шеър бояд тоҷикӣ бошад. Сабки мо сабки хуросонӣ ва ё сабки Рӯдакӣ бояд бошад. Аммо шоирони ҷавонӣ мо тасвирҳои шоирони эронро чунон рӯбардор мекунанд, ки одам ҳайрон мешавад, хонандаи тоҷик онро намефаҳмад. Ман дар ёд дорам, ки боре Бозор Собир дар як шеъраш ба ҷойи калимаи “алла” “лолоӣ”-ро истифода бурд ва мавриди интиқоди устод Мирзо Турсунзода қарор гирифт. Устод пурсиданд, ки “Модарат туро лолоӣ мегуфт ё алла?”.
Баъзеи дигар ба ҷойи “тиреза” “панҷара”-ро ба кор мебаранд ё гули Марямро, ки дар умраш надидааст, дар васфи он шеър мегӯяд.
Шеъри тоҷикӣ бояд шеъри сода, самимӣ ва инъикосгари рӯҳи тоҷикӣ бошад. Ба монанди ин:
Аз ағба фуромадам ба бӯйи гули газ,
Як бӯсаи ваъдагит ҳафт пуштама бас.
Вале ба ҳеҷ ваҷҳ гуфтанӣ нестам, ки шеъри тоҷикӣ сабук бошад, баръакс бояд зебову шево бошад.
Ҳама дар фикри шикам ҳастем
Имрӯз бисёриҳо аз он ба таҳлука афтодаанд, ки мардум китоб намехонад. Адабиёт як чизи нолозим шуда монд. Бале, мо айни замон дар ҷомеаи капиталистӣ зиндагӣ мекунем. Дар оғози капитализм қарор дорем, бинобар ин, дар ин давра мардум ба фарҳанг кор надоранд. Бовар мекунед, ҳамин шабу рӯзҳо ҳатто аҳли адаб китоб намехонанд, театр намераванд, мусиқии нағз гӯш намекунанд. Зеро зиндагии мо, ҳаёти мо чунин шудааст, ки сарамон ба дигар ташвишҳо банд аст. Ҳунару зебоӣ ва фарҳанг ба мо лаззату кайфияте намебахшад, ки як мошини қашанг ё як хонаи зебову тарабхонаи барҳаво медиҳад. Замона чунин шуд. Ҳама дар фикри шикам, дар фикри зиндагии фохир ҳастем…
Ин раванд танҳо дар мо нест. Дар ҳамаи давлатҳои пасошӯравӣ чунин аст. Ман ба қарибӣ дар Русия будам ва ба “Олами китоб” даромадам. Бовар мекунед, китобҳои Евгений Евтушенко ва Андрей Вознесенкий, ки дар ҷавонии мо то 1 миллион чоп мешуд, 500 ё 1000 нусха чоп мешаванд. Имрӯз дар Русия аллакай дигар чиз мехонанд, шеър намехонанд. Детектив, фантастика ва дигар чизҳои сабук. Феълан таваҷҷуҳ ба адабиёт дар Ғарб дар ҳоли афзоиш аст. Умед дорам, ки як замон мардуми мо ҳам китобхон хоҳад шуд…
Дилам ба ҷавонон месӯзад
Ба ҳар ҳол мо зиндагии хубро аз сар гузаронидем. Дар даврони шӯравӣ, ки адабиёт қадру қимат дошт, вориди ин майдон шудем. Сафарҳо кардем, бо бузургони олам вохӯрдем. Бениёз будем, хонаву дар гирифтем, фарзандонамонро ба воя расонида, ҷо ба ҷо кардем. Дар замони Истиқлолияти давлатӣ низ ба хотири ному унвонҳоямон ба ҳар ҳол гурусна намондем, ба ҳар васила Давлату Ҳукумат ва Президент ба мо кӯмак мекарданд. Мардум моро ҳурмат мекунад, шукр.
Вале ман ба ҷавонон дилам месӯзад. Онҳо имрӯз масъулияти гарони адабиётро ба дӯш гирифта, чӣ фоида мебинанд? Барои шеър касе ҳаққи қалам намедиҳад, хона ҳам намедиҳад, маош ҳам. Як ҷавони донишҷӯ аз деҳа меояд, назди устодон машқи шеър мекунад, вале баробари оиладор шудан, аз дасти бехонагиву бекорӣ ба Русия ё ба деҳа бармегардад ва дар музофот ё ғурбат гумном шуда меравад.
Шеъри нағз, адабиёти нағз дар нодориву ночорӣ ба вуҷуд намеояд, замона дигар шуд. Шоири ин давра бояд бениёз бошад, то ки асари нағз нависад.
Ба беқадрӣ одат кардам…
Солҳои охир бештар аз он афсӯс мехӯрам, ки қадри одам паст шуд. Даҳҳо шоири бузург, ҳунарманди бузург, рассоми бузург, олими бузург аз олам гузаштанд, вале на як маросими шоиста ҳасту на як қадршиносӣ. Юбилейи даҳҳо бузургон таҷлил намешавад, зеро бо баҳонаи Қонуни танзим иҷозат намедиҳанд. Ин тамоман нодуруст аст. Бояд мавлуди арбобони бузург дар толорҳои бузург таҷлил шавад, маросими дафни чунин шахсиятҳо низ бошукуҳ баргузор гардад. Ба ин васила мо таъриху адабаиёту санъати худро қадр мекунем ва ҳамчунин, ҷавононро тарбия менамоем.
Тасаввур кунед, Суруди миллӣ, яке аз муқаддасоти давлатдорӣ 20 — солаву 25 — сола шуд, вале касе онро таҷлил накард…
Вале ман ба чунин беқадрӣ одат кардам. Одат кардам, ки нашри асари навам ё китоби ҷадидамро табрик намегӯянд. Одат кардам, ки асарам дар саҳнаи театрҳо гузошта мешавад, шеърамро оҳанг баста месароянд, вале касе дастамро намефишорад…
Соли 2016 Палатаи Аврупо маро бо ҷоизаи «Diploma di Merito» ва медали Аврупо қадрдонӣ кард. Ягон нафар аз ҳамкоронам дар Иттифоқи нависандагон маро табрик нагуфт ва нашрияҳои иттифоқ низ сазовор надонист, ки бо як ҷумла ин хабарро нашр ва маро табрик гӯяд…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ