Эрон аз қудрат гирифтани шохаи хуросонии “Давлати исломӣ” ҳушдор дод

Намояндаи Эрон аз қудрат гирифтани гуруҳҳои террористӣ, аз ҷумла “ДИИШи вилояти Хуросон” ба Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ҳушдор дод.

Ғуломҳусайн Деҳқонӣ, муовини намояндаи доимии Эрон дар СММ дар нишасти Шӯрои амнияти ин созмон дар мавриди қудрат гирифтани гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” ё “ДИИШ” дар кишварҳои ҳамсояи Эрон ҳушдор дода, изҳори нигаронӣ намуд.

Гуфта мешавад, гуруҳи террористии “ДИИШи вилояти Хуросон” дар пайи барпо кардани хилофати исломӣ дар Вилояти Хуросони Эрон ва қисме аз минтақаҳои Афғонистон мебошад. Ин гуруҳи террористӣ бо эълони барномааш гуфта, ҳадаф дорад, то панҷ соли оянда шохаи хуросонии ин гуруҳро ташкил диҳад ва қаламравашро васеъ кунад.

Инчунин, намояндаи Эрон аз қудрат гирифтани гуруҳҳои террористие монанди “Ҳаракати исломии Узбакистон” ва “Ҳаракати исломии туркистони шарқӣ” нигаронӣ намуда, гуфтааст, бояд бар алайҳи ин гуруҳҳои террористӣ муборизаро шурӯъ кунем.

Бар асоси ҳисоботи намояндаи Эрон дар Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид “Давлати исломӣ” дар қисматҳои гуногуни Афғонистон нуфус пайдо карда, ба фаъолияти террористӣ машғул аст. Ӯ гуфта, агар муборизаи ҷиддӣ алайҳи ин гурущщо шуруъ нашавад, он метавонад таҳдиди ҷиддӣ на фақат барои кишвари Эрон, балки кишварҳо Осиёи Миёна гардад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *