Эрон ба Афғонистон кумак расонду захмиёнро барои табобат бурд

Дар интиҳори ахири масҷиди шиаҳо дар шаҳри Қандаҳор дасти кам 33 нафар кушта шуданд. Ҳукумати Эрон як қисм захмиёнро барои табобат ба кишвари худ интиқол доданд

Расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон ҳамоно идома дорад. Чанде пеш ҳукумати Эрон барои дастгирӣ аз мардуми азияткашидаи Афғонистон кумакҳои гуманитарӣ фиристод. Дар ин бора сафорати ҶИЭ дар Афғонистон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, Ба шаҳри Қандаҳор ҳудуди 25 тонна кумакҳо ворид гардиданд, ки аз маводи ғизоӣ ва маҳсулоти тиббӣ иборат ҳастанд.

Илова бар ин, Эрон теъдоде аз захмиёни таркиши  ахир дар масҷиди шиаҳои шаҳри мазкурро барои табобат бурд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 15 октябр, дар масҷиди шиаҳои шаҳри Қандаҳор чор маргталаб худро таркониданд, ки дар натиҷаи он 33 нафар куштаву 80 тан захмӣ шуданд.

Аз ин пеш, рӯзи 7 октябр дар масҷиди шиаёни маҳаллаи Сайидободи шаҳри Қундуз низ як маргталаб худро дар миёни мардум тарконид, ки дар натиҷа ҳудуди 50 танро кушт ва 130 нафари дигарро захмӣ гардиданд. Масъулияти ин ҳамлаҳоро ДОИШ* ба зимма гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *