Эрон ба Арабистон ҳамла мекунад?
«Асошиэйтед пресс» ҳафтаи равон аз ҳамлаи эҳтимолии Эрон ба ИМА хабар дод.
Cе мақомдори баландпояи амрикоӣ рӯзи якуми ноябр ба ин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки Арабистони Саудӣ маълумотеро дар ихтиёри Вашингтон гузоштааст, ки нишон медиҳад, Эрон эҳтмолан барои ҳамлаи қарибулвуқуъ ба хоки Арабистон омода мешавад. Яке аз ин мақомҳои амрикоӣ ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки маълумот аз эҳтимоли ин ҳамла дар ояндаи наздик ё 48 соати оянда ҳикоят дорад. Теҳрон Риёзро муттаҳам кардааст, ки ба эътирозгарон дар Эрон кумак мекунад.
Дар ҳамин бора як мақоми дигар низ ба шабакаи хабарии CNN гуфтааст, ки маълумоти мубодилашуда байни ИМА ва Арабистони Саудӣ нишон медиҳад, ки Эрон эҳтимолан дар ҳоли барномарезӣ барои як ҳамлаи қарибулвуқуъ ба зерсохторҳои энержӣ дар Ховари Миёна, ба вижа дар Арабистони Саудӣ мебошад.
Як мақоми дигари амрикоӣ ҳам ба CNN гуфтааст, ки ҳавопаймоҳои ҷангии F-22-и Амрико дар ҳоли ҳозир дар Арабистони Саудӣ барои муқобила бо ҳар гуна таҳдиде дастрас ҳастанд.
Дар ҳамин замина, Нед Прайз, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар посух ба пурсише дар ин замина гуфт, ки ИМА «нигарон»-и ин таҳдид аст ва аз тариқи каналҳои низомӣ, дипломатӣ ва истихборотӣ бо Арабистони Саудӣ дар тамоси доимӣ мебошад. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико таъкид кард, ки ИМА аз манофеи худ ва шариконаш дар минтақа дифоъ хоҳад кард.
Манбаъҳои огоҳ ба CNN гуфтаанд, ки ИМА бар ин бовар аст, ки Эрон мумкин аст талош кунад, то таваҷҷуҳро ба сӯи Арабистони Саудӣ бигардонад, зеро Теҳрон Риёзро ба кумаки эътирозгарон муттаҳам мекунад.
Дар пайи идомаи эътирозҳои саросарӣ дар Эрон, фармондеҳи Сипоҳи посдорони Эрон рӯзи шанбе ба Арабистони Саудӣ ҳушдор дод, ки бинобар пӯшиши хабарии эътирозҳо аз сӯи шабакаҳои телевизионии моҳвораии зери ҳимояти ин кишвар, бояд дар интизори посухи Ҷумҳурии исломӣ бошад.
Сипоҳи посдорон чанд ҳафта пеш ва дар авҷи эътирозҳо ба марги Маҳсо Аминӣ, мавзеъҳоеро дар Ирбил, маркази иқлими Курдистони Ироқ ва шаҳри Сулаймония ҳадаф қарор дод. Неруҳои заминии Сипоҳ эълом карда буд, ки 72 мушаки миёнапарвози «Замин ба Замин» ва даҳҳо ҳавопаймоҳои бесарнишинро дар ин ҳамлаҳо истифода кард. Арабистони ҳам мегӯяд, ки иқдоми эҳтимолии Эрон барои дур кардани афкори умумӣ аз эътирозҳо дар дохили ин кишвар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ