Эрон: Назорат аз болои ҳиҷоб ба поён расид
Алихон Муҳаммадӣ, сухангӯи ситоди амри маъруф ва наҳйи мункар дар Эрон гуфтааст, ки масъулияти ин ниҳод барои назорат бар ҳиҷобпӯшӣ ба поён расид, вале назорати иҷрои қоидаҳои ҳиҷобпӯшӣ бо шеваҳои дигар сурат хоҳад гирифт.
Дар Эрон бар асоси қонун пӯшидани ҳиҷоб ҳатмист. Алихон Муҳаммадӣ дар як мусоҳибае рӯзи 5-уми декабр гуфтааст, ки ниҳодҳои гуногуни Эрон роҳҳои назорати муносиби иффат ва ҳиҷобро баррасӣ мекунанд. Алихон Муҳаммадӣ афзудааст: “Барои мо асос бояд қонунҳои шариат бошад ва айни замон мардуми мо бояд қонунро риоят кунанд, то фазои мусолиматомезе ҳукмфармо бошад”.
Мусоҳибаи Алихон Муҳаммадӣ дар вебсайти хабарии “Интихоб” чоп шудааст. Сухангӯи ситоди амри маъруф ва наҳйи мункар дар Эрон шарҳ надодааст, ки назорат бар ҳиҷобпӯшӣ чӣ гуна сурат мегирад.
Тазоҳуроти мардумӣ дар Эрон, ки аз моҳи сентябр идома дорад, маҳз бо сабаби ҳиҷоб шуруъ шуд.
Пулиси ахлоқ Маҳсо Аминӣ, як духтари эрониро барои “бадҳиҷобӣ” дастгир кард ва сипас ҷасадашро ба хешовандонаш супурд. Ин кор хашми мардумро барангехт, ки то кунун ба зидди ҳукумат эътироз мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ