Эрону Тоҷикистон аз қисмати ҳамсояи худ дар ташвишанд

Вазири хориҷаи Эрон бо вазири хориҷаи Тоҷикистон, ки барои ширкат дар нишасти дувумин ҳамсоягон Афғонистон ба Теҳрон сафар намуд, дидор кардааст

Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон  бо  Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон мулоқот карданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

Бино ба иттилои манбаъ, зимни мулоқоти ду вазир дар бораи охирин таҳаввулоти равобити ду кишвар хусусан дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, муносиботи сиёсӣ ва ҳамкориҳои фарҳангӣ гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Амир Абдуллоҳиён ҳамчунин дар ин дидор аз дидгоҳи Эрон дар бораи ташкили ҳукумати фарогир бо ҳузур ва ширкати тамоми қавмҳои Афғонистон ибрози ақида кард ва изҳори умедворӣ кард, ки ин дидор битавонад дар таҳқиқи хосту иродаи мардуми Афғонистон гоми муассире бардошта ва ба субот, оромиш ва тавсеаи ин кишвар кумак кунад.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ дар ин дидор бо қадрдонӣ аз даъват барои ҳузур дар нишаст ҳамсоягони Афғонистон ва ибрози хурсандӣ аз ҳузур раисиҷумҳури кишвара Эрон ва ҳайати олирутбаи ҳамроҳа дар иҷлоси Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Тоҷикистон зарурати иҷрои кардан тавофуқоти руасои ҷумҳури ду кишвар дар хилоли дидор дар Тоҷикистонро мавриди таъкид қарор дод ва аз 30 соли  равобити ду кишвар ва аҳмият ҳамкориҳоро зикр намуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар Теҳрон рӯзи 27 октябр дувумин нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *