Эстония

Эстония: Дар интихобот кӣ пирӯз шуд?

“Ҳизби ислоҳоти Эстония” ба раҳбарии нахуствазир Кая Калас, ки аз тарафдорони сарсахти кумакҳои низомӣ ба Украина мебошад, рӯзи якшанбе дар интихоботи парлумонӣ пирӯз шуд.

Тибқи натиҷаҳои шумориши овозҳо, “Ҳизби ислоҳоти Эстония” дар интихобот бо 31,6 дарсади овозҳо бар рақиби аслии муҳофизакори «Ҳизби халқии Эстония», ки 16 дарсади овозҳоро ба даст овардааст, ба осонӣ пирӯз шуд.

Шаҳрвандони Эстония рӯзи якшанбе барои интихоби вакилони нави парлумон ва таъйини ҳукумати оянда дар ин кишвар ба пойи сандуқҳои раъй рафтанд. Ба гуфтаи мақомоти давлатӣ, қитъаҳои интихоботӣ соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ баста шуда, натоиҷи интихобот дар соатҳои охири шоми якшанбе эълон шудааст.

Комиссияи интихобот эълом кард, ки ширкати мардум дар интихоботи парлумонии рӯзи якшанбеи 5-уми март 63,7 дарсад буд.

Кая Калас — нахуствазири Эстония ҳафтаи гузашта дар мусоҳиба бо хабаргузории “Франс Пресс” дар бораи барномаи сиёсии ҳизби таҳти раҳбарии ӯ гуфта буд: «Мо тарафдори як кишвари кушода, дӯстона ва шеваи ғарбӣ, дорои хусусиятҳои аврупоӣ ва оқил ҳастем».

Ин интихобот ҳам дар шароити душвори иқтисодие, ки дар Эстония ҳукмфармо буд, гузашт. Кишваре, ки айни замон сатҳи таваррумаш яке аз баландтаринҳо дар Иттиҳоди Аврупо мебошад.

Сатҳи солонаи таваррум дар моҳи январи соли гузашта дар Эстония 18,6% сабт шудааст, ки барои ин кишвари аврупоӣ хеле баланд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *