Эътирофи ҳукумати Толибон, доғи нангин ва фоҷиаи бузурги ҷомеаи башарист
Президенти собиқи Эрон гуфт, ки ҳодисаҳои Афғонистон ба зудӣ ба Покистон ва ҳамаи кишварҳое, ки аз Толибон* пуштибонӣ мекунанд, таъсир хоҳад гузошт.
Маҳмуд Аҳмадинажод ин нуктаро мусоҳибаи вижа бо телевизиони «Вион» -и Ҳиндустон оид ба вазъи афғонистон ва ҳаводиси охир атрофи Панҷшер шарҳ дод.
«Он чӣ дар Афғонистон рух дод, хеле возеҳ аст. Тарҳе, ки ба ҳама кишварҳои минтақа таъсир мерасонад. Дар асл, ин тарҳи бад ва зиддиинсонӣ аст», — гуфт Аҳмадинажод.
Номбурда гуфт, ин ки як гурӯҳе, ки тавассути кишварҳои ҳамсоя мусаллаҳу омӯзиш дода шуда, биёянду як сарзаминро фатҳ кунанду худро давлат эълон кунанду кишварҳои муддаи ҷаҳон сукут ва ё ҳимоят кунанд, ин як фоҷиаи бузург ва зиштест, ки то абад дар чеҳраи онҳо боқӣ хоҳад монд.
Ӯ гуфт, чанд қудрати бузурги ҷаҳонӣ ба хотири таъмини манфиатҳои худ хозир шуданд, ки ҳаёт ва ҳуқуқҳои бунёдӣ ва ҳуқуқи худмуайянкунии мардумро поймол кунанд», — афзуд ӯ.
«Дар хабарҳо шунидем, ки афсарони покистонӣ мустақиман дар ҷанги Панҷшер амал кардаанд. Ман мехоҳам дар ин ҷо ба мақомоти Покистон машварат диҳам. Он чизе, ки дар Афғонистон рух медиҳад, ба зудӣ ба Покистон ва ҳамаи кишварҳое, ки Толибонро* дастгирӣ мекарданд, таъсир хоҳад гузошт», — афзуд ӯ.
Собиқ президенти Эрон мегӯяд, мардуми Покистон, Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон ва мардуми тамоми кишварҳоро дӯст медорам ва ҳуқуқҳои бунёдии ҳамаи онҳоро эҳтирому ҳимоя мекунад ва пешниҳод мекунад, ки ҷангро бояд бас карда, аз ҳаққи мардуми афғон алалхусус аз ҳуқуқи таъйини сарнавишти худашон ба дасти худашон талош кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, эътироф кардани ҳукумате, ки бо зӯри силоҳ ва бо кумаки хориҷиён ба қудрат расидаву марому мақсадашон возеҳ нестанд, доғ ва зарари бузурге барои тамоми ҷомеаи башарӣ хоҳад буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ