Эътирозгарон мехостанд сарвазирро кушанд, вале нигаҳбонаш мурд…
Дафтари сарвазир хабар дод, ки субҳи рӯзи 7-уми ноябр аз тариқи ҳавопаймои бесарнишин, ки дар дохилаш маводи тарканда ҷойсозӣ шуда буд, ба қароргоҳи сарвазир ҳамла карданд. Ҳамчунин ба қароргоҳи сарвазир чанд ҳамлаи мушакӣ низ сурат гирифтааст.
Дар натиҷаи инфиҷор нигаҳбонони сарвазир ҷон бохтаанд. Худи ӯ дар ин ҳамла зиён надидааст ва дар телевизиони давлатӣ мардумро ба оромӣ даъват кард.
Ҳамла дар пасманзари эътирози нерӯҳои сиёсии ҷонибдори Эрон рух дод. Онҳо аз интихоботи охири порлумонӣ дар Ироқ норозӣ ҳастанд ва ҳафтаҳо боз эътироз мекунанд.
Норозигии эътирозчиён боис ба он гардида, ки онҳо қароргоҳи сарвазир Мустафо ал-Козимӣро дар Бағдод мавриди ҳамла қарор бидиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ