Фақеров: Донишҷӯ бояд доништалаб бошад, на дипломталаб
Дар нишасти матбуотие, ки дар Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон имрӯз баргузор гардид, ректори он Ҳамидуллохон Фақеров, ки се моҳ пеш ба ин вазифа баргашт, ба рӯзноманигорон аз фаъолияти Донишгоҳ ва андешаҳои худ дар мавриди донишомӯзӣ сӯҳбат намуд. Фақерова таъкид кард.ки ҳоло замони донишандузист ва дипломи бедониш ба касе лозим нест. “Агар донишҷӯ дар баробари диплом дониши хуб ҳам гирифта бошад, ӯ метавонад дар тамоми гӯшаи дунё барои худ кор ёбад” таъкид намуд ректор. Фақеров ба саволи хабарнигори “Тоҷикистон таймс” дар мавриди низоми нави таҳсил-таҳсили фосилавӣ маълумот додистода, зикр намуд, ки минбаъд ин усули таълим дар донишгоҳ ҷорӣ карда мешавад ва барои ин то оғози соли нвави таҳсил ҳама корҳоро ба анҷом хоҳанд, расонд. Минбаъд донишҷӯён метавонанд бо истифода аз технологияи нави иттилоотӣ ба донишкада наомада, соҳиби маълумот гарданд. Ректор ҳамчунин таъкид намуд,ки дар донишгоҳ минбаъд ихтисоси тарҷумонӣ низ ҷорӣ карда мешавад ва ҳоло барои ҷорӣ намудани он заминаҳои ҳуқуқӣ ва барномавӣ омода гардида истодаанд. Ҳамидуллохон Фақеров ҳамчунин ба саволҳои дигари хабарнигорон посух гуфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ