Файзигул Юсуфӣ: Орзуи зиёрати хонаи Худоро дорам! (видео)

Файзигул Юсуфӣ (Юсупова) яке аз чеҳраҳои дурахшони эстрадаи тоҷик мебошад. Ӯ беш аз 30 сол аст, ки рӯйи саҳна ҳунарнамоӣ мекунад ва давоми ин солҳо ҳамеша дар радаи маъруфтарин сарояндагони кишвар қарор дорад. 

Ахиран Файзигул Юсуфӣ меҳмони барномаи “РӮ ба РӮ”-и ютюбканали pressa.tj буд. Фишурдаи ин суҳбатро манзури шумо мегардонем. 

Ганҷи “Ганҷина”

— Файзигул, имрӯзҳо ба чӣ кор машғулед?

— Банди корҳои эҷодӣ. Банда 31 сол мешавад, ки дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев кору фаъолият дорам. Хушбахтона, дар ин даргоҳи муқаддас аз мактаби устодони бузург Зафар Нозим, Ҷӯрабек Муродов, Муродбек Насриддинов, Чиллахон Холов, Ҳаётой Муъминова, Сафаргул Юсуфова ва дигарон гузаштам. Ёд дорам, ки хеле духтараки ҷавон будам, вақте ба филармония ба кор омадам. Нав мактаби миёнаро хатм карда будаму бо даъвати устод Зафар Нозим ба ансамбли фолклориву этнографии “Ганҷина” ба кор ҷалб шудам. Рақсро дӯст медоштам, бинобар ин, аввал дар барномаҳои ансамбл рақс мекардам. Нозукиҳои ин ҳунарро аз Амонулло Мӯсоев омӯхтам. Баъдан ба сарояндагӣ машғул шудам. Ҷавон, ки будам, такопӯ доштам, талош мекардам, ки дар санъат мавқеъ пайдо кунам. Инак, шукри Худо, ки беш аз 30 сол аст, ки кору фаъолият дорам.

— Ҳанӯз унвон нагирифтаед…

— Не, фақат соли 2000-ум ба ман нишони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон дода буданду халос…

Муҳити ҳунарӣ

— Яке аз дӯстонам гуфт, ки охири солҳои 80-ум ва аввали 90-ум дар клубҳои мактабӣ дискотека ташкил мекардем ва Файзигул сарояндагӣ мекард. Оё ин ҳақиқат дорад?

— Бале. Он солҳо мардум ташнаи суруд буданд. Дар ҳама ҷо хурсандӣ буд. Муҳити оилаи мо, ки фарҳангӣ буд, ман аз кӯдакӣ сарояндагӣ мекардам. Дар кружокҳои мактабӣ фаъол будам. Ҳамин тавр, замони мактабхонӣ дар Ваҳдат ба қавле овозадор будам ва маро ба шабнишиниҳо даъват мекарданд…

— Дар бораи кружокҳои мусиқӣ дар мактаб гуфтед. Ҳоло чунин кружокҳои ҳаваскорӣ дар мактабҳо нестанд.  

— Бале, чунин кружокҳо бояд бошанд. Агар наврасон ба санъат рағбат пайдо кунанд, ба роҳи нодуруст намераванд. Бинобар ин фазои ҳунарӣ дар мактабҳо бояд бошад. Ҳоло ҳам дар мактабҳо ба санъат таваҷҷуҳ мешавад. Дар рӯзҳои иду ҷашнҳо маро даъват мекунанд, дар барномаҳояшон иштирок мекунам.

Ҷанги шаҳрвандӣ ва зани ҳунарманд

— Оғози фаъолияти ҳунарии шумо ба давраи душвор ҷанги шаҳрвандӣ рост омад. Хонавода шуморо аз роҳи ҳунар боз надоштанд?

— Боз медоштанд ҳам, ман аз роҳам намегаштам. Ман ҳунарро дӯст медорам. Қурбонии санъат ҳастам. Ман дар он солҳо зиёд азоб кашидам, вале… Дигар намехоҳам дар бораи он рӯзҳо суҳбат кунам. Хушбахтона ҳоло кишвари мо ободу озод аст ва беҳтар аст, аз рӯзҳои нек ҳарф занем.

— Шумо дар ҳамон солҳои вазнин консерт баргузор мекардед. Наметарсидед?

— Ман соле 2-3 консерт дар калонтарин толори кишвар “Кохи Борбад” баргузор мекардам. Ғайр аз курсиҳо дар мухлисон дар роҳравҳо менишастанд. Наметарсидам, зеро ҷавон будаму нотарс. Фақат дар бораи ҳунар фикр мекардам, дигар ҳеҷ.

— Дар яке аз нахустин консертҳоятон аз “Боғи Ленин” –и ҳозира “Боғи устод Рӯдакӣ” арғунчакеро дуздидед. Оё ин дуруст аст?

— Рост. Акаи Зиё ном коргардон доштем. Он вақтҳо душвор буд, мисли ҳозира экранҳо набуданд. Толорро ба ҳар васила оро медодем. Як рӯз акаи Зиё гуфтанд, ки дар консерт як навигарӣ мекунем. Он кас як арғунчакро бо занҷирҳояш аз боғ канда оварданд ва онро ба болои саҳна кафшер намуданд. Гуфтанд, ки дар консерт ту аз боло мефароӣ. Ман аз аввал тарс надоштам, вале барои мухлисон шуда розӣ шудам. Ҳамин тавр, дар оғози консерт ман аз болои саҳна пайдо шудам… Ин хеле саҳнаи хотирмон буд. 

— Чаро ҳозир чунин консертҳо нестанд?

— Он вақтҳо ҳунари асил қадр мешуд. Сурудҳо хеле дилнишин ва ҳунармандон ҳам масъулиятшинос буданд. Мардум ба чунин сарояндагон эътимод доштанд ва ба консертҳояшон мерафтанд. Ҳоло муҳити ҳунарӣ дигар шуд…

— Ҳозир чаро сурудҳое, ки касбӣ нестанд, маънӣ надоранд ва оҳангҳои хеле пастсифат машҳур мешаванд?

— Он вақт ҳунарманд худро ба телевизион муаррифӣ мекард. Талаботи телевизион вазнин аст ва ҳар кас наметавонад роҳ ёбад. Ҳоло шабакаҳои иҷтимоӣ имкон медиҳад, ки ҳар касе, ки истеъдод дорад ё надорад, худро муаррифӣ кунад. Ва аҷиб он аст, ки халқ онҳоро мепазирад. Яъне, завқи мардум ҳам костааст. Солҳои нахустине, ки банда ба майдони ҳунар омадам, дар интихоби матну оҳанг хеле дақиқкор будем. Хушбахтона устодон ба ман бештар фолклори тоҷикро пешниҳод мекарданд. Ҳамин тавр сурудҳои  “Чӯпонбача”, “Найнавоз”, “Қошуқ метрошам” ва ғ. дар репертуари ман пайдо шуданд.

Бибӣ будан масъулият дорад

— Файзигул, шумо модари муваффақ ҳам ҳастед.

— Шукр, 5 фарзанд дорам.

— Душвор набуд ба зани ҳунарманд ба воя расонидани 5 фарзанд?

— Ман аввал шукронаи фарзандони падарро мекунам, ки ҳангоми ба воя расонидани фарзандонам дар паҳлӯям буданду ба ман кӯмак мекарданд. Вақте фарзандони ман таваллуд шуданд, модарҷонам зинда буданд ва масъулияти бештар сари он кас буд. Ман намедонам, ки фарзандони ман чӣ гуна ба воя расиданд. Вале чун имрӯз бибӣ шудам, нав дарк мекунам, ки калон кардани кӯдак чӣ қадар душвор будааст. Агар кӯдакони ман шаб гиря мекарданд, модарам маро бедор намекарданд, ки аз тӯй ё консерт хаста шуда омадаам. Вале имрӯз барои набераҳоям ман бедор мешавам. Зеро бибӣ будан масъулияти бештар дорад.

— Чанд набера доред?

— Шукри Худованд 6 набера. 

Тарки саҳна

— Дар 31 соли фаъолият боре нияти тарки саҳнаро кардед?

— Не. Ман ягон вақт кӯшиш накардам, ки санъатро тарк кунам. Вале фикр мекардам, ки фарзандонро ҷо ба ҷо кунам, ба истироҳат меравам. Вале санъатро тарк гуфтан, дар хаёлам набуд. Вале солҳои охир дар хаёлам фикре чарх мезанад. Фикр мекунам, ки ҳар як бандаи мусалмон орзу дорад, ки хонаи Худоро зиёрат кунд. Ман ҳам чунин орзу дорам. Орзу дорам, ки аввал хонаи Худоро зиёрат кунам ва баъдан ба истироҳат равам. Вале ба ҳамаш хости Худованд лозим.

— Дар ин солҳо суруди муҳими зиндагиатонро хондед?

— Не ҳоло.

— Кай консерт баргузор мекунед?

— Соли 2019 бо Оркестри созҳои миллии Филармонияи давлатии Тоҷикистон як консерт баргузор карда будам. Ҳоло ният дорам, ки консерти нав баргузор кунам. Мехоҳам сурудҳои классикӣ сароям. Зеро дар репертуари ман сурудҳои русӣ, ӯзбекӣ, ҳиндӣ, озарбойҷонӣ, фолклорӣ, халқӣ, фалак ва ғ. ҳаст. 

Мусоҳиб: ОДИЛ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *