Файзобод: Дӯкони китобу рӯзнома лозим нест?

Рӯзномаву маҷалла ва китоб барои баланд бардоштани маънавиёти халқ нақши муҳим дорад, вале ин далели бебаҳсро дар Файзобод донистан намехоҳанд. Агар ин тавр намебуд, ҷудо кардани як пора заминро барои бунёди дӯкони рӯзномаву маҷалла ва китоб “гӯшти уштур” намедоданд.

Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040-ро “Солҳои рушди маориф, табиатшиносӣ, фанҳои дақиқ ва риёзӣ” эълон карда, барои ба китобу китобхонӣ ҷалб кардани мардум озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ…”-ро роҳандозӣ намудааст.

Барои саҳми худро гузоштан дар ин ташаббусҳои муҳим ният кардам, ки дар растаи бозори «Истиқлол»-и деҳаи Мискинободи ҷамоати деҳоти “Мискинобод” дӯкони рӯзнома ва китоб кушоям. Ба ҳамин хоҳиш ба раиси ноҳия моҳи апрели соли 2017 муроҷиат кардам. Дере нагузашта “замине, ки шумо талаб мекунед кишоварзӣ аст” — гӯён  аз Идораи замини ноҳия ҷавоби рад гирифтам. Вале дере нагузашта, дар ҳамин “замини кишоварзӣ” дорухона, мағозаҳои масолеҳи сохтмонӣ, хӯрокворӣ, дӯконҳои фурӯши гӯшт яке паси дигаре қомат афрохтанд.

Маротибаи дуюм ба раиси ноҳия бо ариза муроҷиат кардам. Ин даъфа Кумитаи давалтии идораи замини ноҳия бо мазмуни зайл: — «Ба шумо зарур аст, ки ҳуҷҷатҳои заруриатонро оиди гирифтани қитъаи замин барои сохтмони мағозаи китобхона омода намуда, ба комиссияи манзилии ноҳияи Файзобод пешниҳод намоед» — ҷавоб омад.

Вале бо вуҷуди пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то ҳол ба хоҳиши ман иҷро нашуд ва дере нагузашта бо баҳонаи ба хоҷагии дигар тааллуқ доштани замин ба аризаи ман посухи рад омад.

Ҳамин тавр, ман аз соли 2017 то ба имрӯз бо вуҷуди муроҷиатҳои пай дар пай барои сохтмони дӯкони фурӯши рӯзномаву маҷалла ин орзуи ман амалӣ нашуд. Ба мисле, ки барои Файзобод рӯзномаву маҷалла ва китоб лозим набошад.

Ҳокими Сафар,

ноҳияи Файзобод

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *