Файзобод: Вой бар ҳоли шоҳроҳ!

Аз маркази шаҳраки “30-солагии Истиқлол”-и ноҳияи Файзобод шоҳроҳи байналмилалӣ мегузарад, ки пойтахти кишвари моро ба вилояти Хатлону Бадахшон ва кишвари моро ба Қирғизистону Чин мепайвандад.

Ин шоҳроҳ бисёр муҳим буда, аҳамияти стратегӣ дорад. Вале солҳои охир ду тарафи шоҳроҳ чунон танг шудааст, ки агар ронандаҳо эҳтиёт накунанд, садамаи нақлиётӣ ба вуҷуд омада, фалокат рух доданаш аз эҳтимол дур нест. 

Тибқи меъёрҳои мавҷуда, бояд мағозаҳои масолеҳи сохтмонию хӯрокворӣ, дорухонаҳою дӯконҳои гӯшт аз шоҳроҳ дар масофаи 20-25 метр дур сохта шаванд, то ки ба рафтуомади воситаҳои нақлиёт ва убури пиёдагарон монеа эҷод накунанд. Аммо собиқ раисони ноҳия ва масъулин сабзиро аз каду фарқ накарда, ба пулдорону тағадорон дар наздикии шоҳроҳ иҷозати сохтмони биноҳоро додаанд. Феълан, то роҳи афсалтпӯшро масолеҳи сохтмонӣ ва савдо банд кардааст. Мо борҳо ба мақомоти марбута доир ба ин масъала муроҷиат кардем, вале бенатиҷа аст. Шояд баъди нашри ин матлаб дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ин мушкил роҳи ҳалли худро ёбад.

Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *