Фарҳанги номгузорӣ. Чаро садҳо номи ориёӣ ба арабӣ табдил мешаванд?

Ниёкони озодаву бомаърифатамон дар номгузории пайвандонашон масъулияти бузургеро эҳсос мекарданд. Аз ин рӯ зимни ин маросим бо ахтаршиносону мубадону фозилон машварату маслиҳат ороста, ҳатман бо ният ва ба хотири касе ё чизе фарзандашонро соҳибном мекарданд.

Дар гӯши навзод азон гуфтан низ баргирифта аз суннатҳои ниёгони мост, яъне баробари ояте аз “Авасто” номи навзод низ дар гӯшаш зикр мешуд. То Ислом суннате буд, ки ба навзод ду ном гузошта, якеро ошкоро ва дигариро ниҳонӣ дар гӯши кӯдак мегуфтанд. Ҳаким Фирдавсӣ номгузории Ширӯя — писари Хусравро чунин ба қалам додааст:

Набуд он замон расми бонги намоз,

Ба гӯши чунин парварида чу ноз.

Яке ном гуфти мар ӯро падар,

Ниҳонӣ дигар, ошкоро дигар.

Ниҳонӣ бигуфтӣ ба гӯш андарун,

Ҳамехонд ошкоро аз бурун.

Ба гӯш-андарунаш ном гуфто Қубод,

Ҳамехонд Ширӯи фаррухнажод…

Мавриди таъкид аст, ки номҳои зебое ба монанди Рустаму Суҳробу Сиёвушу Ҷашеду Фаршеду Ардашеру Дорюшу Меҳрнушу Озару Орашу Таҳминаву Гурдофариду Гурдияву Манижаву… маҳз тавассути «Шоҳнома» паҳну пареш шуда, то ба мо расида, пайвандгари асрҳову наслҳо гардидаанд. Дар ин асар, ки бешак, таърихномаву фарҳангномаи миллат аст, аз забони Рустам — сипаҳсолори Яздгирд зимни ҳуҷуми аъроби бодиянишин таъкид менамояд, ки ба дифоъи марзу бум бархезед, вагарна беватану бефарҳангу ҳатто беном мемонем:

Чу бо тахт минбар баробар шавад,

Ҳама ном Бубакру Умар шавад!

Дареғу дард, ки тайи ду даҳсолаи охир зери таъсири чалламулоҳои мутаассиб ё фанат садҳо номҳои ориёӣ ба номҳои арабӣ табдил шуданд ва ҳоло ҳам идома дорад. Ҳатто баъзеашон бо тавсияи «пирҳояшон» зимни бадали ном чорво ҳам забҳ мекунанд.

Аз сари инсоф бояд бигӯем, ки хушбахтона, номҳои зебову гӯшнавози Ориё-Тоҷикӣ ҳам ба гӯш мерасанд ва таманно мекунем, ки то бод, чунин бодо!

Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР (Ориёмеҳр ЗАРДУШТ)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *