Фарҳод Раҳимӣ 2500 — солагии «Тахти сангин»-ро эҳё мекунад
Яке аз ёдгориҳои маъруфи таърихӣ дар Тоҷикистони кунунӣ ёдгории «Тахти сангин» мебошад, ки дар ноҳияи Қубодиёни имрӯза ҷой дорад. Маконе, ки ба осорхонаи маъруфи Бритониё дар соли 1877 маъруфтарин «Хазинаи Амударё»-ро ато карда, яке аз намунаҳои барҷастаи фарҳанги қадимаи тамаддуни тоҷик дар соҳилҳои Ому ба ҳисоб меравад.
«Тахти сангин» дар 200-километрии ҷануби Душанбе дар нуқтаи ҳамроҳшавии обҳои Панҷу Вахш ҷой гирифтааст. Дар шимоли Афғонистон шаҳраки қадимае мавҷуд аст, ки аввалин асрори онро ҳанӯз дар охири қарни 19 кишоварзони маҳаллӣ кашф карда, вале тоҷирону донишмандони бритониёӣ ба он маъруфият ато карданд.
Дар ҳудуди харобаҳои шаҳркадаи мансуб ба асрҳои IV то мелод ва III мелодӣ, «Хазинаи Амударё» маҷмӯаи ҷавоҳироту сиккаву ашёҳои сохташуда аз тиллову нуқраи марбут ба даврони шоҳаншоҳии Ҳахоманишҳо ошкор шуд. Ҳоло ин хазина дар осорхонаи маъруфи Бритониё маҳфуз аст, вале «Тахти сангин» мунтазири тармиму бозсозӣ мебошад.
Ӯ зимни баромади хеш дар масъалаи муаррифии таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик ва махсусан пешниҳод доир ба таҷлили 2500—солагии «Тахти Сангин» баромади ҷолибе намуд. Интизор меравад, ки 24-уми ноябр қарор тасдиқ шавад ва ин боз як иқдом дар роҳи шинохти миллати тоҷик мешавад. Бо ин иқдом боз як гӯшаи Ватани азизамон обод мешавад ва ҳазорон саёҳони ватанию хориҷӣ аз ин макон боздид хоҳанд намуд.
Имрӯзҳо бо дастури Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон олими номвар Фарҳод Раҳимӣ дар сафари корӣ дар шаҳри Парижи Фарангистон мебошад. Ӯ санаи 09.11.2021 дар Конфронси Генералии Юнеско иштирок намуд ва дар минбари олии он доир ба «Тахти сангин» баромади ҷолибе намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ