Фарибо Садиқим – Лос-Анҷелес-Эрон

То ту

Наздиктарин роҳ то ту,

Хаёли ботили кабутарест,

Ки рўзона парҳояшро ба ҳам кўк мезанад.

Ва шабҳои бешумор,

Рўъёи туро давр мезанад.

Ба шумораи боронҳои ин шаҳр чатр харидаам,

Ба теъдоди сигорҳояш дуд шудаам.

Ва ба андозаи қатлҳое, ки иттифоқ наафтод,

Сарамро буридаанд ва роҳиам кардаанд ба нокуҷо.

Дар занбилам ҳамеша се чиз ҳаст,

Талефоне, ки аз банди нофи замин ҷудо мондааст.

Зане, ки ҳаргиз ошиқ нашуд,

Ва …сеюмӣ ёдам нест!

Ҳоло бигзор телефонҳо мудом занг бизананд,

Ва ту пушти тамоми муколамаҳо ғоиб бошӣ.

Бо лабханде, ки каш меояд,

Ва рафта-рафта об мешавад ва қатра-қатра рўи рўъёҳоям мерезад.

Фарқе ҳам, ки надорад,

Буду набудат қатраи бороне аст, ки себи хаёли маро хушк мекунад.

Хаёли маро хушк мекунад, аммо,

Дар занбилам ҳамеша миқдоре борон ҳаст.

Ва сеюмӣ ёдам нест.

Сарамро буридаанд ва роҳиам кардаанд ба нокуҷо,

Сандалиҳои холӣ нишаст кардаанд.

Ин холитарин меҳмонии ҷаҳон аст,

Охирин даври рақсро бо бод чархидаам.

Танҳо ман будам ингор,

Ва телефоне, ки лол шудааст.

Дунё шиногари моҳире мехост,

Дунё шиногари моҳире мехост.

***

Ду зимистон

Чашм мегузорӣ,

Ман дар либоси танги навзодиам пинҳон мешавам.

Як…ду…се сук-сук,

Ҳама пайдо мешаванд.

Ва ман байни ду зимистон гум мешавам.

Осмон рўи абрҳо хобаш бурда,

Ҳатто дигар чоҳи доғ ҳам ҷони зимистонро гарм намекунад.

Ва курсии модарбузург,

Гарданбандеро, ки аз донаҳои барф сохтаам,

Об намекунад.

Чашмҳоямро мебандам,

Як…ду…се,

Ҳама гум шудаанд.

فریبا صدیقیم- لوس انجلس- ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *