Фаронса пас аз 20 сол боз чемпион шуд
Дастаи яккачини Фаронса дар вохӯрии финали Чемпионати ҷаҳон-2018, бегоҳии 15 июл дар Варзишгоҳи «Лужники»-и Москва мунтахаби Хорватияро боҳисоби 4:2 шикаст дод ва бори дуюм унвони Чемпиони ҷаҳон ва Ҷоми ҷаҳонии футболро дар соли 2018 ба даст овард.
Голи аввалини бозиро дар дақиқаи 18-ум ҳамлагари хорватҳо Марио Манҷукич, баъд аз зарбаи ҷаримавии фаронсавиҳо бо сар ба дарвозаи тими худашон автогол кард. Даҳ дақиқа пас ниммуҳофизи хорватҳо Иван Перишич бо зарбаи зебое ҳисобро баробар кард -1:1. Дар дақикаи 38-ум ҳамлагари фаронсавиҳо Антан Гризманн аз зарбаи ёздаҳметра ҳисобро ба 2:1 расонд.
Дар қисми дуюм голҳои фаронсавиро Пол Погба _(дақиқаи 59-ум) ва Килиан Мбаппе (дақиқаи 65-ум) ба 4:1 расонданд. Хорватӣ Манҷукич аз иштибоҳи дарвозабони фаронсавиҳо истифода карда, ҳисобро 4:2 кард. Ҳамин ҳисоб то охири вохӯрӣ дигар тағйир наёфт ва мунтахаби Фаронса баъд аз 20 сол бори дуввум Чемпиони ҷаҳон эътироф гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ