Фаррош дар орзуи ош. Болоравии нархи биринҷ ва нигаронии сокинон
Насиба Ёрматова истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд аст. Мегӯяд, фаррош асту ҳамагӣ 400 сомонӣ маош мегирад, ки қариб ба арзиши як халта орд баробар асту халос. Аз ин сабаб ҳарчанд оши палов хӯроки дӯстдоштаи фарзандонаш аст, мувофиқ ба табъи онҳо зуд-зуд омода карда наметавонад, зеро арзиши биринҷ хеле боло рафтааст.
Харидор ҳайрону савдогар хавотир
Мисли Насиба бисёре аз сокинони кишвар аз болоравии нархи биринҷ, ки маҳсулоти ниёзи аввал барои сокинони кишвар аст, шикоят мекунанд.
Бо мақсади дақиқ намудани арзиши биринҷ, чанде пеш ба бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд рафтем. Зимни суҳбат бо фурӯшандагон маълум гардид, ки ҳоло нархи як килои биринҷи куҳна аз 15 то 20 сомонӣ аст. Фурӯшандагони ин намуди маҳсулот мегӯянд, ки имсол савдо нисбати соли гузашта кам шудааст. Зеро солҳои қаблӣ агар дар як рӯз то 500 кило биринҷ фурӯшанд, имрӯз ин рақам ба 200-300 кило поён фаромадааст. Сабаб гарон будани нарх аст. Зеро арзиши як килои биринҷ, ки то 20 сомонӣ аст, имрӯз ба шароити иқтисодии мардум мувофиқат намекунад.
Шиква аз камобӣ
Мирзоолим Ӯрунов деҳқон аз ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст, ки беш аз 10 сол инҷониб ба кишти шолӣ машғул аст. Вай имсол дар майдони 2,5 гектар шолӣ кишт кардааст. Мегӯяд, ки як ҳафта инҷониб мавсими дарави шолӣ оғоз шудааст ва деҳқонон саргарми ғунучини ҳосил мебошанд. Қаҳрамони мо аз он нигаронӣ дорад, ки соли равон якбора гарм омадани боду ҳаво ба соҳаи кишоварзӣ таъсири ҷиддӣ расонид. Зеро деҳқонон ба мушкилоти оби полезӣ рӯ ба рӯ шуданд, ки ин ҳолат боиси хушк шудани заминҳои корам гардид. Ҳамчунин, камобӣ ва ҳарорати баланди ҳаво ба ҳосили шолӣ таъсири манфии худро расонид.
Афзоиши харҷи деҳқон
Мирзоолим Ӯрунов мегӯяд, ки соли равон нархи як халта нурии минералӣ ба 250 сомонӣ баробар шуд. Барои озуқадиҳии 2,5 гектар замини шолии қаҳрамони мо бошад, 10 халта аз ин гуна нуриҳо сарф мешавад, ки нархи умумии он 2 ҳазору 500 сомониро ташил медиҳад. Бар замми ин, вай бояд андоз ва барои оби полезӣ низ пул супорад. Дарави шолӣ бошад, пурра бо ҷалби мардикорон сурат мегирад, ки нархи якрӯза меҳнати онҳо 150 сомонӣ аст. Яъне деҳқон ғайр аз меҳнати вазнин, ба заминаш ҷамъоҷамъ беш аз 3 ҳазор сомонӣ хароҷот мекунад. Қаҳрамони мо дар як сол аз заминаш беш аз 6 тонна ҳосили шолӣ ба даст меорад. Соли равон бошад, бинобар талафёбӣ этимол аст, ки ҳосилаш нисбати соли сипаригардида кам шавад.
Ҳосил зиёду нарх осомонӣ
Дар ҳамин ҳол, Абдуҳаким Қаландаров, сардори шуъбаи истеҳсолии Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд тариқи суҳбати телефонӣ ба мо иттилоъ дод, ки соли равон дар майдони 7 ҳазору 554 гектар кишти шолӣ гузаронида шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки тибқи маълумотҳои оморӣ ба санаи 1-уми октябри соли ҷорӣ деҳқонони шаҳру навоҳии вилоят дар майдони 1 ҳазору 964 гектар дарав гузаронидаанд. Мавсими даравидани шолӣ ҳоло асосан дар ноҳияву шаҳрҳои Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Конибодом ва Панҷакент оғоз шудааст. Бино ба иттилои Абдуҳаким Қаландаров, истеҳсоли шолӣ бошад, ба санаи 1-уми октябри соли ҷорӣ 12 ҳазору 451 тоннаро ташкил медиҳад, ки ин рақам нисбати соли гузашта 950 тонна зиёд мебошад. Кишоварзони вилоят кӯшиш доранд, ки ҳосилнокиро баланд бардошта, барои таъмини аҳолӣ бо биринҷ ва муътадил нигоҳ доштани нарху навои ин намуди маҳсулот расидагӣ кунанд.
Вале бо ворид шудани биринҷи нав ба бозор нархи он паст мешавад? Ин суолест, ки бисёриҳоро нигарон мекунад.
Фарзона ШАМСИЕВА,
шаҳри Хуҷанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ