ФАВРӢ: Шаҳриёр Давлатов ҳабс шуд
Пешрафти илму техникаи муосир имрӯз ба тамоми самтҳои ҳаёти инсон навгониҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки он аз инсон истифодаи оқиланаро талаб менамояд. Махсусан дар муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла нашр ва паҳн намудани маводҳои видеоию аудиоӣ риояи меъёрҳои ахлоқӣ ҳатмист.
Мутаассифона вақтҳои охир баъзе аз ҷавонони ба истилоҳ «Блогер» ба хотири зиёд намудани шумораи мухлисону ҷалб намудани тамошобинони бештар ва аз ин ҳисоб ба даст овардани маблағ даст ба амалу кирдорҳое мезананд, ки хилофи меъёрҳои ахлоқӣ ва тарғибкунандаи бадрафториву бадгуфторист. Чунин барномаву видеоҳои пучу бемаънӣ ва тарғибгари ахлоқи нописанди инсонӣ дар сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ махсусан дар контентитоҷикии шабакаи Ютуб бештар ба назар мерасанд.
Махсусан сабт ва паҳн намудани ба истилоҳ «Пранк», ки дорои саҳнаҳову алфози қабеҳ буда, хилофи суннатҳои мардуми мост, ҳоло дар байни ҷавонон ба қавле муд гаштааст. Аз ҷумла чанде пеш дар ютуб-шабакаи шахсии сарояндаи ҷавон Шаҳриёр Давлатов навор ё ба истилоҳ «пранк»-е нашр гардид, ки дар он ҳолати вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва тарғиби бадгуфториву алфози қабеҳ инъикос ёфтаанд. Навори мазкур мавриди вокуниши манфии шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, корбарон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, то нисбати чунин блогерон чораандешӣ карда шавад.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур ҷиҳати танзими паҳну нашри чунин маводҳои костакунандаи ахлоқ аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ махсусан Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе пайваста тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Тавре дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, навори мазкур қаблан бо маслиҳати пешакӣ бо соҳибмулки шабака, яъне Шаҳриёри Давлат гӯё ба хотири санҷиш ва мушоҳидаи вокуниши ӯ омода гаштааст. Дар навори мазкур дида мешавад, ки ҷавонони ҳамкор ва ё шогирдони Шаҳриёр чархҳои автомашинаи ӯро кушода, ба истилоҳ ӯро «пранк» намуда, мехоҳанд вокуниш ва ҷавоби Шаҳриёрро дар чунин ҳолат мавриди санҷиш қарор диҳанд. Дар натиҷа Шаҳриёр Давлатов чуноне дар навор дида мешавад бо мушоҳидаи ин ҳолат тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, нисбати ҳамкорони худ суханони қабеҳ ва амалу рафтори ноҷо намуда, ҳамзамон дидаву дониста ин наворро, ки дорои саҳнаи хушунат ва алфози қабеҳ мебошад дар шабакаи худ нашр намудааст.
Аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар асоси муроҷиати шаҳрвандон вобаста ба ҳолати мазкур як қатор чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуда, ҳамаи он нафароне, ки дар омода ва паҳн намудани навори мазкур даст доранд муайян ва дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.
Аз чумла:
Давлатов Шаҳриёр Нусратович соли таваллудаш 07.09.1991, истиқоматкунандаи вилояти Хатлон, ноҳияи Вахш ҷамоати деҳоти Киров-1, деҳаи Қуштеппа;
Мирзоев Дилшод Нодирович соли таваллудаш 25.06.1988, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳотӣ Лоҳур, деҳаи Гулисой;
Бо назардошти ҳолати мазкур нисбат ба ҳамаи номбурдагон тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбат ба ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯзӣ таъин карда шуданд.
Бояд тазаккур намуд, ки одобу ахлоқ ва рафтору кирдори ҳамидаи инсонӣ пеш аз ҳама аз амал ва гуфтори инсон сарчашма гирифта, нафари хушсухану боодоб писанди ҳамагон гашта, дар ҷамъият низ мавқеи хоссаеро касб менамояд. Дар акси ҳол чунин рафтору кирдор шахсро дар ҷамъият беобурӯ ва мавриди накӯҳиши ҳамагон қарор медиҳад. Аз ин лиҳоз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба ҳамаи он нафароне, ки ба истеҳсол ва омодаву паҳн кардани маводҳои аудиовизуалӣ машғуланд мерасонад, ки ҳангоми ба чунин фаъолият машғул гардидан меъёрҳои ахлоқӣ ва одобу рафтори ҳамидаи инсониро вайрон накунанд. Зеро нашри чунин маводҳо ба тафаккур ва ахлоқу рафтори наврасону ноболиғон, ки ҳанӯз хуб инкишоф наёфтаанд таъсири ниҳоят манфӣ расонида, онҳоро низ ба содир намудани чунин амалҳо водр месозанд. Инчунин, дар сурати тасдиқ гардидани таркиби ҷиноят дар рафтор ва видеои чунин нафарон чораҳои қонунӣ андешида мешаванд.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ