Фавти Саидвализода-корманди Дастгоҳи иҷроияи Президент

Саидвализода Раҷабалӣ Хушбахт, роҳбари Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон шаби 28 ба 29 июн дар бемористони бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе даргузашт.

Гуфта мешавад, ки номбурда дар синни 63 аз бемории монанд ба коронавирус ё “илтиҳоби шуш” вафот кардааст.

Ҷасади Саидвализода Раҷабалиро рӯзи 29 июн барои дафн ба зодгоҳаш, ноҳияи Данғара бурдаанд.

Раҷабалӣ Саидвализода аз мавзеи маъруф ба “фабрикаи мурғ”-и ноҳияи Данғара буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *