Федератсия беҳтаринҳоро ба дастаи мунтахаб шомил кард
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон аз рўи натиҷаҳои Чемпионати ҷумҳурӣ ҳайатҳои асосӣ ва эҳтиётии дастаи мунтахаби кишварро ташкил кард.
Айни замон дастаҳо бо яке аз беҳтарин дастаҳои Русия, намояндагони бошгоҳи ҷудои «Мори» дар Иркутск ҷамъомади муштарак доранд. Ситоди мураббиён бо роҳбарии мутахассиси ҷопонӣ чанд марҳила, аз ҷумла ҷамъомадҳои таълимиву тамринӣ дар хориҷи кишварро ба нақша гирифтааст.
Ҳадафи аслӣ барои соли 2023 омодагии бомуваффақият ба Гран-прии Душанбе, ба даст овардани имтиёзҳои интихобии олимпӣ ва ба даст овардани ҷоизаҳо дар тури ҷаҳонии ҷудо, аз ҷумла чемпионати ҷаҳон мебошад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва бошгоҳи “Мори” марҳилаи аввали тамрини дастаро дар бошгоҳи варзишии “Хоҷӣ Шариф” анҷом доданд. Ба иттилои Федератсияи ҷудои Ҷумҳурии Тотористон варзишгарон рўзона ва шом бо роҳбарии мураббии ҷопонӣ ду маротиба тамрин карданд.
Чанде пеш дар Душанбе Чемпионати ҷудои Тоҷикистон баргузор шуда буд. Дар чемпионат варзишгарони шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, ВМКБ ширкат карда, дар ҳафт вазн миёни мардон ва ду вазн миёни занон қувваозмоӣ карданд. Дар мусобиқа ҷудокороне, ки ҷои аввалро гирифтанд, аз ҳисоби рейтинги ҷумҳуриявӣ 700 имтиёз, ҷои дуюм — 490 ва сеюм 350 имтиёз гирифтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ