Фестивали байналмиллалии Арғунун
Санаҳои 15-17 май бори нахуст дар шаҳри Душанбе фестивали байналмиллалии мусиқӣ таҳти унвони «Садои дилрабои арғунун» баргузор мегардад. Ин фестивал дар толори «Кохи Арғунун»-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баргузор гардида дар он намояндагон аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Олмон ва Тоҷикистон ширкат меварзанд.
Ин фестивал бо ташаббуси роҳбарияти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.
Дар доираи фестивал гузаронидани консертҳои рангин, суҳбатҳо, дарсҳои маҳорат ва барномаҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ