ФИФА

ФИФА ба Аргентина ҳақи мизбонии чемпионатро дод

ФИФА ба Аргентина ҳақи мизбонии Чемпионати ҷаҳонии ҷавонони соли 2023-ро медиҳад.

— Бюрои Шӯрои Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Аргентинаро ба унвони макони баргузории Чемпионати ҷаҳонии ҷавонони ФИФА (байни бозигарони то 20-сола) дар соли 2023 тасдиқ кард,- хабар медиҳад сомонаи ин созмон.

Охири моҳи март ФИФА Индонезияро аз ҳақи мизбонии мусобиқот маҳрум кард. Моҳи апрел ФИФА маблағгузории Ассотсиатсияи футболи Индонезияро (PSSI) муваққатан қатъ намуд.

Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон аз 20-уми май то 11-уми июни соли 2023 баргузор мешавад. Мунтахаби Аргентина бо гирифтани ҳуқуқи ташкили ин мусобиқа ба ҷои тими Индонезия иштирокчии ин мусобиқа мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *