ФИФА Индонезияро аз Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон маҳрум кард
Бино ба иттилои сайти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), ин созмон Индонезияро аз ҳақи мизбонии Ҷоми ҷаҳонии ҷавонон дар соли 2023 маҳрум кард.
Ин тасмим пас аз мулоқоти раиси ФИФА Ҷанни Инфантино ва президенти Ассотсиатсияи футболи Индонезия (PSSI) Эрик Тоҳир гирифта шудааст.
Сабаби маҳрум шудани Индонезия то ҳанӯз гуфта нашудааст. Мусобиқа дар онҷо бояд аз 20-уми май то 11-уми июн доир мешуд.
Мизбони нави мусобиқа ба наздикӣ эълон хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ