Филиппин комёбу Тоҷикистон ноком шуд

Дар шаҳри Ҳисор даври аввали марҳилаи интихобии мусобиқоти футболи бонувон барои Бозиҳои олимпӣ-2024 дар гурўҳи «Е» баргузор шуд.

Дар мусобиқа дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон, Филиппин, Ҳонконг ва Покистон ширкат карданд. Филиппин дар ҳамаи се бозӣ пирўзӣ ба даст овард ва ба даври дигар роҳхат гирифт.

Бонувони Тоҷикистон зери роҳбарии мураббӣ Мубин Эргашев дар ҳамаи бозиҳо (аз Ҳонконг 3:0, Филиппин 8:0 ва Покистон 1:0) ба шикаст дучор шуданд.

Аз даври аввали марҳилаи интихобии мусобиқоти футболи бонувон барои Бозиҳои олимпӣ-2024 ғолибони ҳафт гурӯҳ ба даври дуюми интихобӣ роҳ меёбанд ва бо панҷ дастаи беҳтарини Осиё — Кореяи Шимолӣ, Ҷопон, Австралия, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ ба мубориза ҳамроҳ мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *