Фирдавс Шарифзода: Соли 2022 аз ҷониби корхонаҳо дар ҳаҷми 1 млрд 702,6 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки наздик 40 нафар рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2022 сурат гирифт.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода доир ба нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр давоми соли 2022 иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки соли 2022 барои мардуми шаҳри бостонии Хуҷанд соли хотирмон буда, он бо руҳияи баланди меҳанпарастӣ дар самти тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ тадбирҳои рўзафзун сурат гирифта, дар соли таърихии ҷашнгирии 30 – юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаи фаъолияти бонизоми мақомоти маҳаллӣ, азму талош ва заҳмати софдилона бо нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидем.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади тарғибу ташвиқ ва расонидани нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали мулоқоту вохўриҳо дар муассисаю ташкилотҳои шаҳри Хуҷанд таҳия гардида, баҳри мақсаднок ва босифат баргузории онҳо як зумра коршиносону мутахассисони варзида ва олимону муҳаққиқони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳр ҷалб шуданд. Дар мулоқоту вохўриҳо оид ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба роҳ мондани тарбияи дурусти хонаводагӣ, аҳамияти аввалиндараҷа додан ба таълиму тарбияи фарзандон, эҳё намудани ҳунарҳои миллии аҷдодӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, гирифтани пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии никоҳи хешутаборӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, ба зиндагӣ ва оиладорӣ омода намудани ҷавондухтарон, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва омодагии ҷавонон баҳри хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баромадҳо карда шуд.
Таъкид шуд, ки ҷиҳати истиқболи сазовори санаҳои таърихӣ, ҷашнҳои миллӣ, рўзҳои касбии кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар муассисаҳои таълимии шаҳр, корхонаву ташкилотҳо ва маҳаллаҳои шаҳр чорабиниҳои идона, конфренсияҳои илмӣ-назариявӣ, мулоқот ва мизҳои мудаввар дар сатҳи баланди фарҳангию-сиёсӣ баргузор гардиданд.
Фирдавс Шарифзода гуфт, ки дар давраи ҳассоси ҷаҳонишавӣ ва дар натиҷаи дарёфти захираҳои иловагӣ ба мо имконпазир гашт, ки рушди бонизоми иқтисодии шаҳр ҳамчун қисми таркибии иқтисодиёти кишварамон пурмаҳсул таъмин шуда, дар давраи ҳисоботӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардем. Бо мақсади тақвияти ҳадафи саноатикунонии босуръат дар шаҳр корҳои пурмаҳсул ба роҳ монда шуда, дар натиҷа аз ҷониби корхонаҳои калону хурд 1 млрд. 702,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуда, он дар муқоиса бо соли 2021-ум 18,3 фоиз ё 262,9 млн. сомонӣ зиёд шудааст. Аз миқдори умумии маҳсулотҳои истеҳсолгашта 389,5 млн. сомонӣ ба хориҷи кишвар содир намуда, 94 корхонаҳо маҳсулотҳои воридотивазкунанда ба маблағи 750,1 млн. сомонӣ истеҳсол карданд, ки ин нишондиҳанда 20,7 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҷиҳати рушду инкишофи ин соҳа бо ҷалби зиёда аз 22,3 млн. сомонӣ сармояҳо дар маҷмўъ 40 адад корхонаҳои нави истеҳсолии хурд бо 289 ҷойи корӣ таъсис дода шуда, он барои зиёд шудани иқтидори истеҳсолии соҳа ба зиёда аз 9,0 млн. сомонӣ боис гаштааст. Дар навбати худ соли сипаригашта тамоми корхонаҳои шаҳр фаъолияташонро самаранок ба роҳ монда нерўи барқро сарфакорона истифода бурдаанд, ки дар натиҷа талафоти барқ то ба 7,0 фоиз поён рафта, барои дар амал татбиқ намудани Истиқлолияти энергетикӣ замина гузошта истодааст.
Зикр шуд, ки новобаста аз таъсири омилҳои манфии беруна, дар дигар сектори реалии иқтисодиёти шаҳр низ, нишондиҳандаҳои асосӣ пурраю барзиёд таъмин гардида, ҳаҷми маблағгузории асосӣ дар соҳаи сохтмон 724,2 млн. сомонӣ ё 188,4 фоиз, корҳои сохтмону васлкунӣ 574,5 млн. сомонӣ ё 174,8 фоиз, корҳои пудратӣ 256,8 млн. сомонӣ ё 107,3 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 1,5млрд. сомонӣ ё 117,0 фоиз, ҳаҷми муомилоти гардиши мол 3,7 млрд. сомонӣ ё 102,1 фоиз, содироти молҳо 50,8 млн. доллари амрикоӣ ё 121,0 фоиз, воридоти молҳо 230,0 млн. доллари амрикоӣ ё 120,0 фоиз, сармоягузорӣ 21,7 млн. доллари амрикоӣ ё 109,0 фоиз, шумораи кашонидани бор 2,8 млн. тонна ё 107,4 фоиз, мусофиркашонӣ 74,5 млн. нафар ё 120,6 фоиз ва музди миёнаи маоши кормандон 1880,5 сомонӣ ё 113,7 фоизро ташкил додааст.
Самаранок истифода бурдани имкониятҳои иловагии тамоми соҳаҳо баҳри ташаккули буҷет имкон дод, ки таъмини қисми даромади буҷети умумӣ 103,2 фоиз ва буҷети маҳаллӣ 104,1 фоизро ташкил диҳад. Ҳаҷми андозҳою пардохтҳои воридшуда дар муқоиса бо соли 2021-ум, буҷети умумӣ 52,1 млн. сомонӣ ва буҷети маҳаллӣ 12,5 млн. сомонӣ зиёд таъмин гаштааст.
Баҳри фаъолияти самараноки сохторҳои давлатӣ, аз буҷет саривақт маблағгузорӣ карда шуда, барои ин мақсадҳо қисми хароҷоти буҷети шаҳр, 97,8 фоиз иҷро гардида, 70,2 фоиз ё 180,4 миллион сомонӣ барои рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равон намуда, қарздорӣ аз музди маош дар ин соҳаҳо ҷой надорад.
Дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ низ корҳои амалишуда назаррас маҳсуб ёфта, дар шаҳр ду лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ бомуваффақ татбиқ шуда истодааст, ки аз аввали татбиқи онҳо то имрўз 21,8 млн. доллари амрикоӣ корҳои азхудкунӣ ба иҷро расонида шуда, аз он 1,3 млн. доллари амрикоӣ ба давраи ҳисоботӣ рост меояд. Маблағҳои қарзӣ низ, сари вақт пардохт шуда истодаанд.
Бо мақсади пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд, дар панҷ соли минбаъда сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 590 иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шуда, танҳо дар соли 2022-юм 202 адади онҳо бунёд карда шуданд.
Боиси ифтихор аст, ки соли 2022 дар доираи сафарҳои кории худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 14 адад иншооти ҳаётан муҳим иштирок варзида, ба онҳо ҳусни оғоз бахшиданд.
Шаҳрдор зикр намуд, ки дар корҳои ободонию гулзоркунии мавзеҳои шаҳр саҳми соҳибкорону аҳолӣ низ, мунтазам фаъол гардида, ҳамагӣ 3404 адад дарахтони ороишию мевадиҳанда ва ҳамешасабз, зиёда аз 1,1 миллион дона гулҳои ҳархелаи ороишию маҳаллӣ 200,0 ҳазор дона қаламчаи гули садбарг шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дорад.
Баҳри афзун намудани ҳусну таровати замонавӣ ба кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр 1046 адад лампаҳо, чароғакҳою фурўзонакҳо, равшанкунакҳо ва шилшилаҳои муосир, 29 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор, 111 адад даромадгоҳҳо, 8731,0 м2 боми биноҳо ва 820,0 метр қубурҳои обу ташноб таъмир ва иваз карда шуданд.
Дар ин раванд 45,9 км роҳҳои мавзеъи шаҳр мумфаршу таъмири асосӣ гузаронида шудаанд, ки он нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 112,0 фоизро ташкил додааст. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар мавзеи шаҳр 2 адад пуле, ки моҳияти умумиҷумҳуриявӣ дорад, аз таъмир бароварда шуда истодааст. Дар ин давра баҳри дастгирии иҷтимоии ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат 5300 оилаҳо аёдат карда шуданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба масоили иҷтимоӣ, махсусан ба соҳаҳои маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳи амалӣ зоҳир менамояд ва ин буд, ки ҳамасола беш аз 70,0 фисад маблағи буҷаи шаҳр ба ин соҳаҳо равона карда мешавад. Маврид ба зикр аст, ки ба соҳаи тандурустӣ, ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таваҷҷўҳи бештар зоҳир гардида, бо дастгирии бевоситаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин соли сипаригашта дар шаҳр муассисаҳои соҳаи тиб бунёд ва таъмиру таҷдид гардиданд.
Фирдавс Шарифзода таъкид намуд, ки дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 12 августи соли 2022 ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бинои асосии табобатии Беморхонаи клиникавии № 1-уми шаҳри Хуҷандро баъди таъмиру азнавсозии куллӣ ва бинои маъмурияти корхона, стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ, чойхонаи миллӣ, меҳмонхона ва коргоҳи истеҳсоли оксигени тиббиро ифтитоҳ бахшиданд. Дар шуъбаи наҷот ва беҳискунии беморхона бори нахуст маркази машваратии тиббии онлайнӣ-фосилавӣ таъсис ёфтааст. Ин марказ бо мақсади ташкили робитаи онлайнӣ бо клиникаҳои пойтахти мамлакат ва муассисаҳои тиббии пешрафтаи як қатор давлатҳои хориҷӣ оид ба баррасии ташхисҳо, ҳолати бемор, рафти табобат ва дигар масъалаҳои марбут ба табобату ташхис тариқи кансилиум таъсис дода шудааст.
Дар доираи нақшаҳои сохтмону азнавсозӣ дар ҳудуди Беморхона стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ таъсис ёфта, дар ҳудуди муассиса бинои дуошёнаи лоиҳавии нав сохта шудааст. Инчунин Пешвои миллат Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Ортопедия ва технологияи муосир”-ро мавриди истифода қарор доданд, ки 30 нафар мутахассисони соҳаи тиб бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд. Таҷҳизоти тиббӣ ба ин муассиса аз Кореяи Ҷанубӣ, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии мардумии Чин бо харҷи 1,2 млн. сомонӣ дастрас карда шуд. Дар марказ дастгоҳҳои артоскопӣ, рентгени рақамӣ, таҷҳизоти электронӣ — оптикӣ, ултрасадо, денситометрия, кардиомонитор, тамйизгардонӣ, мизи ҷарроҳӣ, кати функсионалии “Армед” истифода мегардад.
Инчунин ба самти дигари афзалиятнок — соҳаи маориф низ, аҳамияти рўзафзун роҳандозӣ карда шуда, баҳри тақвияти ин соҳа дар шаҳр давоми соли сипаригашта муассисаҳои таълимию томактабӣ бунёд ва азнавсозӣ карда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин давра 1241 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ тариқи фосилавӣ, лоиҳавӣ иштирок намуда, 439 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Баҳри рушди маънавию фарҳангии ҷомеа дар шаҳр 264 адад чорабиниҳои гуногун доир гардид, ки дар он зиёда аз 74,0 ҳазор нафар сокинон, инчунин 21,4 ҳазор нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ иштирок намуданд.
Маъмури Юсуфзод, роҳбари Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ