наручник

Фиреби ҳамватан. Боздошти 4 “мафиози тоҷик” дар Русия

Сарраёсати тафтишоти шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар саҳифаи худ дар шабакаи “ВКонтакте” аз анҷоми тафтиши парвандаи 4 зодаи Тоҷикистон — аъзои гурӯҳи ҷиноии этникӣ ё қавмие хабар дод, ки ба одамрабоӣ, тамаъҷӯӣ (рэкет), ғоратгарӣ ва дуздӣ айбдор мешаванд.

Бино ба фарзияи тафтишот, айбдоршавандагон рӯзи 24-уми октябри соли 2022 дар як парковка дар хиёбони Дунай дар канораҳои ҷанубии шаҳри Санкт Петербург ба як ҳамватани худ ҳамла карда, ӯро бо зӯрӣ ба мошини тамғаи “Рено” бор кардаанд. Онҳо ин муҳоҷири тоҷикро латукӯб карда, бо мошин ба қаламрави вилояти Ленинград бурдаанд ва дар он ҷо бо таҳдиди куштан бо намоиши корду пистолет, пулу телефон ва соати ӯро, ки арзишашон тақрибан 34 ҳазор рублро ташкил медод, бо зӯрӣ кашида гирифтаанд.

Одамрабоён ҳамчунин тавассути телефон аз суратҳисоби гаравгон 3500 рублро ба худ интиқол додаанд ва шиносномаву ҳуҷҷатҳои дигари он марди гаравгонро низ гирифтаанд. Онҳо ҳамин тавр ба таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба марди гаравгон идома дода, аз вай талаб кардаанд, ки агар ба онҳо як миллион рубл надиҳад ва худро аз “шармандагӣ” халос накунад, дар борааш маълумоти бадномкунандаро паҳн хоҳанд кард.

Ҷабрдида аз тарси ин таҳдидҳо эътироф кардааст, ки 800 ҳазор рубл дорад. Баъди ин гаравгонгирон ӯро ба назди як бино ба кӯчаи 10-уми Красноармейская дар як гӯшаи дигар дар қисмати шимолии Петербург овардаанд. Гаравгон дар инҷо бо ваъдаи бардурӯғи рафта овардани пул тавонистааст аз мошин баромада, аз дасти гаравгонгирҳо фирор кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *