Туркия

Фоҷеаи гӯшношунид. Фавти беш аз 10 ҳазор нафар дар заминларза

Бо гузашти 3 рӯз аз ду заминларзаи пурқурбонӣ ва харобиовар дар Туркияву Сурия шонси зинда пайдо кардани одамон аз зери харобаҳои биноҳои фурӯрафта торафт камтару камтар мешавад.

Шумораи ҳалокшудагон, бино ба охирин маълумот, ба 10 ҳазор расидааст. Агентии ҳолатҳои фавқулодаи Туркия рӯзи 8-уми феврал ҳалокати беш аз 7 ҳазор нафарро тасдиқ карда, матбуоти давлатии Сурия аз ҳалокати қариб 3 000 нафар дар ин кишвар хабар медиҳад. Бо он ки шумораи қурбониён ҳамчунон меафзояд, боз ҳам мардуми зиёде дар зери харобаҳои биноҳои фурӯрафта боқӣ мемонанд. Шонси зинда пайдо кардани онҳо, бахусус дар ин рӯзҳои сарди зимистон, торафт камтару камтар мешавад.

Дар Сурия вазъиятро ҷанги чандинсолаи шаҳрвандӣ боз ҳам печидатар кардааст, зеро бисёре аз манотиқи офатзада барои наҷотбахшон ва созмонҳои кумакрасон дастнорас боқӣ мемонанд. Миллионҳо гуреза аз Сурия дар ҷануби Туркия дар кулбаҳои муваққате умр ба сар мебурданд, ки саросема сохта шуда, ба чунин заминларзаҳои сангин тобовар набуданд.

Ёдовар мешавем, ки заминларзаи аввал бо иқтидори 7,8 балл тибқи ҷадвали Рихтер субҳи барвақти 6-уми феврал, соати 04:17 ба вақти маҳаллӣ, замоне рух дод, ки аксари мардум ҳанӯз масти хоб буданд. Маркази ин заминларза, ки бистари заминро дар умқи 17,9 километр ларзонд, дар наздикии шаҳри таърихии Ғозиёнтеппа дар ҷанубушарқи Туркия ҷойгир шуда буд. Заминларзаи сангини дуюм бо иқтидори 7,5 балл тибқи ҷадвали Рихтер, соати 13:30 ба вақти маҳаллӣ рух дод. Маркази ин офати табиӣ мавзеи Элбистон дар вилояти Қаҳрамонмараш дар ҷанубушарқи Туркия буд. Дар пайи ин ду заминларзаи сангин боз ҳудуди 100 пасларзаи заифтар рух дод. Дар умқи ҳамагӣ 18 километр рух додани ин заминларзаҳо боиси харобиҳои бештар дар рӯи замин шуд. Омили дигар, ки боиси чунин шумораи зиёди қурбонён шуд, соати чори шаб рух додани офати аввал буд. Дар он соат аксари мардум ҳанӯз хоб буданд.

Омили дигари зиёд будани қурбониҳо, албатта, сифати хонаҳоест, ки дар ҷануби Туркия ва Сурия сохта шудаанд. Тайи 200 соли охир дар ин минтақа чунин заминларзаҳои сангин рух надода буд, аз ин рӯ, сатҳи омодагӣ ба чунин офатҳо низ дар ин вилоятҳо чандон баланд набуд. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *