Фоҷеа дар вақти ҷаноза дар Ваҳдат
Шумораи қурбониёни садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Ваҳдат ба 8 нафар расидааст.
Хешовандони яке аз қурбониён рӯзи 12-уми март гуфтааст, ки яке аз афроди маҷрӯҳ, бомдоди ҳамин рӯз дар бемористон даргузашт, чун ҷароҳатҳои вазнин доштааст ва табибон натавонистаанд, ӯро наҷот бидиҳанд.
Қандил, яке аз хешовандони ду бародаре, ки дар садамаи мошин ҷон додаанд, гуфтааст,ки Одилҷон Раҳимов, ки ҳаштумин қурбонии фалокат шуд, 46-сола буд. Бародари бузурги ӯ Самӣ Раҳимов низ дар ин садама ҳалок шудааст. Аммо сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Умарҷони Эмомалӣ рӯзи 12-уми март гуфт, ки бар асоси иттиллое, ки онҳо дастрас кардаанд, «теъдоди қурбониён шаш нафар аст.»Вай афзуд, кормандони вазорати корҳои дохилӣ, ҳодисаро сабт карданд ва ба таҳқиқи сабабҳои фалокат пардохтаанд.Фоҷиа дар ноҳияи Ваҳдат рӯзи 11-уми март ба вуқӯъ пайвастааст. Шоҳидони ҳодиса нақл кардаанд, ки баъди дафни як пирамарди 78-сола аз кӯчаи Умари Хаёми ноҳияи Ваҳдат, мошини боркаши “Зил” тахминан 20 то 25 нафарро аз оромгоҳи “Роҳатӣ” дар дараи Ромит ба хона бармегардонад, аммо дар роҳ тормозаш аз кор мемонад ва мошин бо суръати баланд ба дарахт бармехӯрад.Дар рӯзи аввали ҳодиса шоҳидон ва мақомот гуфтанд, ки дар натиҷаи фоҷиа 6 нафар ҳалок шудаанд. Дар шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат гуфтанд, ки ҳодиса соатҳои тақрибан чаҳор ба вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ пайвастааст ва “мақомот сабабҳои фалокатро таҳқиқ мекунанд. “Дар натиҷаи ҳодиса 13 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Шоҳидон мегӯянд, ронандаи мошини боркаш худро аз мошин берун андохтааст ва зинда мондааст. Бисёре аз маҷрӯҳонро ба шифохонаи шаҳри Ваҳдат ва бемористонҳои Душанбе интиқол додаанд. Ду нафар аз маҷрӯҳон дар “Медгородок”-и Душанбе бистарӣ шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ