Фурудгоҳи Душанбе ба 1,1 миллион мусофир хизмат расонд

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар шаш моҳи соли равон ба зиёда аз 1,1 милллион мусофир хизмат расонидааст. Аз ин  537 ҳазору 434 нафар мусофир ба Тоҷикистон омадаанд ва 603 ҳазору 510 нафар мусофир берун аз ҷумҳурӣ рафтаанд.

Дар ин бора зимни нишасти Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар дода шуд.

 Таъкид шуд, ки миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда, дар ин давра 1325 тоннаро ташкил дод, ки аз ин шумора 185,8 тона бори содиротӣ ва 1139,2 тонна борро воридотӣ ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *