Футболи Тоҷикистон дар Лигаи олӣ диданӣ мешавад

Даври дуюм ва чанде аз бозиҳои даври сеюми Чемпионати футболи Тоҷикистон-2023 миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд.

Даври дуюм бо бозии дастаҳои «Кўктош» ва «Ҳосилот» оғоз шуд. «Кўктош», ки овоза буд аз сарпараст маҳрум шудааст, дар майдони хуб бо натиҷаи бузурги 0:3 аз «Ҳосилот» мағлуб шуд.

Сипас, «Эсхата» дар сафар «Хатлон»-ро шикаст дод ва ҷояшро дар садри ҷадвал маълум кард. Ба ду голи хуҷандиҳо бохтариҳо ҷавоб надоданд.

Ду бозии дигар мусовӣ ба охир расиданд. КМВА бо «Равшан» бе задани гол бозиро хотима доданд, аммо «Хуҷанд» ва «Регар-ТадАЗ» бо натиҷаи 2:2 ҷамъбаст карданд.

«Истиқлол» дар як бозии мушкил бо ҳарифи сарсахте чун «Файзканд»-и Восеъ пирўзии душворе ба даст овард. Дар аввали бозӣ «Файзканд» бо голи задаи Билол Сулаймонов ба пеш баромад, аммо «Истиқлол» дар идомаи қисми якум бо ду голи Манучеҳр Ҷалилов ҷавоб гардонд. Қисми дуюми бозӣ бидуни гол анҷом ёфт. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар аввали ин қисм аз «Истиқлол» бозигар Седрик Гогуа бо гирифтани корти дуюми зард аз майдон ронда шуд.

Даври сеюм бо бозии дастаҳои «Ҳосилот» ва КМВА оғоз шуд. КМВА дуюм пайиҳам бозиашро мусовӣ, бидуни гол анҷом дод. Дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар бозии даври сеюм бар «Кўктош» бо ҳисоби 2:1 пирўз шуда, аввалин ғалабаи худро дар мавсим ба даст овард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *